Қаллоб ба даст афтод

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Панҷакент марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.

Тафтишот муайян намуд, ки ӯ 14-уми апрели соли 2018, бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи шаҳри зикргардида даромада, аз ӯ 37 000-сомониро гирифта ваъда додааст, ки аз мавзеи Мармари ҳамин ҷамоат, қитъаи замини назди ҳавлигӣ дар масоҳати 0,8 га, гирифта медиҳад.
Айни замон нафари қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин далел давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *