Сафорати Амрико ба Тоҷикистон 3D-принтер овард

           Сафорати Амрико дар гушаи Амрикоии Душанбе барои инкишоф додани донишу заковат ва боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон ба илми нанотехнология, лабараторияи хурди омузишӣ ташкил намудааст. Лабаратория бо  компютер ва технологияи наву замонавии роботсозӣ таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин як 3Dпринтер дар лабаратория насб карда шудааст, ки дар он ҷавонон малакаи дизайнерӣ ва чоп намудани ашёҳои пластикии шаклашон гуногунро меомӯзанд.

Кордори сафорати Амрико Кевин Коверт зимни муарифӣ намудани лабаратория иброз намуд, ки омузиш ва истифодаи имкониятҳо дар гушаи Амрикоӣ комилан ройгон ва озод аст: «Дар инҷо тамоми хоҳишмандон новобаста аз синну сол метавонанд омада вобаста ба хоҳиши худ ба ин ё он гуруҳи машғулиятҳо  ҳамроҳ шаванд. Машғулиятҳо ҷолиб ва муҳимтар аз ҳама аз ҷониби волонтиёрҳои соҳибкасб гузаронида мешавад. Ҳамин аст, ки танҳо дар соли 2018 наздики 50 000 нафар аз гушаи Амрико, ки дар 8 минтақаи Тоҷикистон боз аст, истифода менамоянд.

Лабараторияе, ки имрӯз ба фаъолияти худ шуруъ намуд, имкониятҳои зиёдеро доро аст. Дар он хоҳишмандон ҳунарҳои дизайнерӣ, роботсозӣ, барномасозро метавонанд биомӯзанд».

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои таҳсилу фароғати ҷавонони тоҷик барномаҳои зиёд дорад. Дар баробари дигар тарҳҳои омӯзишӣ ва сафарбарсозии ҷавонон ба хориҷи кишвар барои таҳсил, ин ниҳод ҳамчунин миёни қишри ҷавон пайваста озмуну маъракаҳои мухталифи фарҳангӣ баргузор менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *