Қаллобони судшуда боз роҳи маҳбасро меҷӯянд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаҳои 237 қисми 3, 247 қисми 3 ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки гумонбаршуда, солҳои 2009-2011 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 66-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки қаблан бо моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 45 000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд. 04.10.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаҳои 237 қисми 3, 247 қисми 3 ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.Инчунин, ба мақомоти милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2016 марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки арзишаш 45000-сомонӣ меистад, гирифта, маблағашро то инҷониб барнагардонидааст.Вобаста ба далелҳои қаллобӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ