Ясминаро ба назди Президент нагузоштанд

Як модари ҷавон шикоят дорад, ки духтари панҷсолаи ӯро баъди се моҳи машқ барои шеърхонӣба назди  президент  даъват накарданд.

Басгул Қурбонова, модари Ясмина мегӯяд, масъулини ҳукумати ноҳияи Восеъ қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа духтарашро барои шеърхонӣ омода карданд, аммо рӯзи охир ба ҷойи вай нафари дигар даъват шуд. Ӯ гуфтааст, ки  моҳи июн масъулини ҳукумат ба боғчаи №2-и ноҳия, ки номи “Офтобак”-ро дорад, омада, Ясминаро барои қироати шеър назди Президент интихоб карданд:“Мудири боғча ба ман гуфт, ки духтарчаи туро барои шеърхонӣ дар назди Президент интихоб карданд ва бояд зудтар либосҳояшро омода карда бо ӯ машқи шеър кунӣ”.
Қурбонова афзуд, давоми се моҳ аз ҳисоби худ духтарчаашро барои тамрин мебурд ва либосҳояшро низ худаш омода кардааст: Духтарчаи ман бояд дар маросими кушодашавии беморхона баромад мекард ва ба ман гуфтанд, ки либосҳои духтурӣ омода кунам. Ман омода кардам, аммо баъдан гуфтанд, ки ин намешавад, бояд беҳтарашро созам. Аммо гуфтам, ки имконият надорам, агар писанд набошад худатон омода кунед. Дар охир розӣ шуданд, ки либоси омодакардаи худамро пӯшад”.

Ба гуфти модари Ясмина, чанд рӯз пеш аз сафари Президент ба ноҳияи Восеъ ба ӯ гуфтаанд, ки ончо кудакон баромад намекунанд ва духтари худро наорад: Аммо вақте сафари Президентро аз оинаи нилгун тамошо кардам, ҷойе ки бояд духтарчаи ман баромад мекард, нафари дигар истода буд”.

Басгул Қурбонова мегӯяд, агар дар аввал медонист, ки дар ҳамин кор ҳам ба қавле “тағобозӣ” мешавад, се моҳи дароз духтарчаашро “азият” намедод: Маро алам кард, ки се моҳ духтарчаи маро бурданду оварданду дар охир ба ҷояш дигар нафар баромад кард. Духтарчаи ман бисёр шод шуда буд, ки дар назди бобои Президентам шеър мехонам, бобои Эмомалима мебинам, аммо дилшикаста шуд”.

Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ  гуфтаанд, масъули ин чорабинӣ ҳоло дар як маросими азо қарор дорад ва баъдан ин мавзӯъро шарҳ хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон рӯзи 3 октябр аснои боздид аз минтақаи Кӯлоб дар расми баҳрабардорӣ аз беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирок кард. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Президент, беморхонаи №3-и деҳаи Меҳнатобод дорои шароити муосири ташхису табобат буда, бо фарогирии 50 кат барои беморон аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Файзи Сайид” бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *