Алмаато: Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ

Дар шаҳри Алмаато конфронси байналмилалӣ дар доираи тадқиқоти минтақавии «Шаҳрҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар ва камкарбондори Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон, дар он як ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ширкат намудааст.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, қонунгузорон, коршиносон ва таҷрибаомӯзон, шарикони рушд, ки ба рушди шаҳрсозӣ, идоракунии шаҳр, банақшагирӣ, сохтмон, хизматрасонии ҷамъиятӣ, кабудизоркунӣ, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ва ғайра машғуланд, гирди ҳам омадаанд.

Зимни суханронии худ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода аз ҷумла қайд кардааст: “Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муддати даҳсолаҳо дар рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои об ва иқлим нақши муассирро ифо кардааст. Дар ин давра Маҷмаи Умумии СММ бо панҷ ибтикори Тоҷикистон як қатор қатъномаҳое ба тасвиб расонд, ки ҳадафи он муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фаъол гардонидани амалҳо дар ин самт мебошад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *