Резаахбор: Аз бозии Афғонистон бо Муғулистон то мусобиқаи бокс

Дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Афғонистон бо тими Муғулистон бозӣ мекунад. Вохўрии аввал 12-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ 17-уми октябр дар Улан-Батор сурат мегирад. Ғолиби ин бозиҳо дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурўҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Ҳиндустон ва Кувайт бозӣ мекунад.

***

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дар даври аввали Бозиҳои Осиёии Ҳонгжу-2022 бо 2 имтиёзи вазарӣ бар Вей Чанг ғалаба кард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бар муқобили паҳлавони Аморати Араб Арам Григорйан бо як вазарӣ ноком мешуд, аммо тавонист дар идома бо як имтиёзи вазарӣ ҳисобро баробар кунад. Дар дақиқаҳои баъдӣ барои вайрон кардани тартибот аз идомаи мусобиқа маҳрум карда шуд. Ҷудокори дигари тоҷик Исроил Раҳимов (-100 кг) дар даври аввал аз Баймурат Маҷанови туркман мағлуб шуд.

***

Аслиддин Ҳабибуллоев — сармураббии дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар пас аз нокомиҳои пайдарҳами даста дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон аз мақоми сармураббии даста истеъфо дод. «Хатлон» ҳоло дар гурӯҳи «Б» дар марҳилаи сеюми чемпионат бо 16 имтиёз дар зинаи охир аст.

***

Дар мусобиқаи бокси Бозиҳои Осиё Меҳрон Шафиев дар вазни 51 кг дар даври аввал аз муштзани чинӣ Жанг Ҷимао бо нокаут мағлуб шуд. Довуд Маҳкамов дар вазни то 71 кг бо Байрамдурди Нурмуҳаммадов нерўсанҷӣ карда, мувоҷеҳи шикаст шуд. Бибинишастамо Холова (-60 кг) аз Тананя Сомнуек аз Тайланд ва Нигора Олимова (-54 кг) аз Ти Нгуйену аз Ветнам дар даври аввал мағлуб ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *