Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев озод шуд

Президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 14-уми феврали соли 2023 аз маҳбас озод шуд.

Отамбоевро дар назди дарвозаи маҳбаси №27 дар деҳаи Молдовановка дар канори Бишкек ҷамъи бузурге аз наздикону тарафдоронаш ва журналистон истиқбол гирифтанд. Ӯ гуфт, ки баъди озод шуданаш аз маҳбас барои табобат ба хориҷи кишвар меравад. Қарори озодии Отамбоевро Суди Олии Қирғизистон баровардааст.

Алмосбек Отамбоев аз соли 2011 то 2018 президенти Қирғизистон буд. Соли 2019 боздошт шуд. Ибтидо бар зидди ӯ дар маҷмуъ 7 парванда кушода буданд, вале дар 3 парванда ӯро сафед карданд ва танҳо дар парвандаи Батукаев ба 11 соли зиндон маҳкумаш карданд. Азиз Батукаеви чеченитабор як шахсияти муътабар дар олами ҷиноӣ буд ва дар Қирғизистон зиндагӣ мекард. Мақомоти Қирғизистон соли 2013 ба далели “хеле бад будани вазъи саломатиаш” аз маҳбас озод карданд. Отамбоев барои ҳамин пушти панҷара афтод, ҳол он ки, пайравонаш парвандаи ӯро сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *