Отамбоев боз ба додгоҳ ҳозир нашуд

Баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев ба далели ҳозир нашудани яке аз гумонбарон — президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба 14 октябр ба таъхир афтод.

«Отамбоев гуфт, ба додгоҳ ҳозир намешавад. Вай пештар низ гуфта буд, дар нақше, ки дар доираи ин парванда барои ӯ сохтаанд, бозӣ нахоҳад кард», — хабар дод вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Сергей Слесарев ба хабарнигорон.

Ба мурофиа додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева низ рафта буд, вале бо рӯзноманигорон суҳбат накард.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *