“Марказ-2019”: Ширкати низомиёни тоҷик дар он

Бо мақсади муайян намудани сатҳи омодабошии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, раёсати қўшунҳо, дар амал татбиқ намудани таҷрибаи ҷангии командирон, дар якҷоягӣ қабул намудани вазифагузорӣ дар ҳолати ҷанг, таъмин намудани сулҳу субот дар минтақа, омода будани Қувваҳои Мусаллаҳ дар натиҷаи ҳамлаи ногаҳонӣ, чанде қабл хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқҳои стратегии фармондеҳӣ-ситодӣ таҳти унвони «Марказ-2019», ки дар машқгоҳи ҳарбии «Донгуз»-и вилояти Оренбурги Федератсияи Россия бо иштироки 8 давлат аз ҷумла, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон,  Қазоқистон,   Қирѓизистон, Тоҷикистон ва  Ўзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Контингенти ҳарбии Ҷумҳури Тоҷикистон ба макони баргузории машқ бо тайёраи Ил-76-и авиатсияи ҳарбӣ-нақлиётии Қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Федератсияи Россия аввал ба фурудгоҳи «Колтсова»-и шаҳри Екатеринбург, баъдан ба фурудгоҳи ҳарбии шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия интиқол дода шуданд, ки хизматчиёни ҳарбиро бо садои Оркестри ҳарбӣ ва нону намак пешвоз гирифтанд.

    Пас аз ҳозиршавӣ ба машқгоҳи «Донгуз»  аз ҷониби Федерастсияи Россия марҳилаҳои баргузории машқ бо амалан намоиш додани онҳо гузаронида шуд.

Мебояд гуфт, ки роҳбари гурўҳи  афсарон, аскарон ва сержантонро полковник Ҷаҳонгир Назарализода-муовини аввали Фармондеҳи Қўшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сардори Сарситод бар уҳда дошт, ки дар ин ҷода пухтакориву зиракии ўро ҳатто роҳбаладони дигар давлатҳо ситоиш карданд.

Дар расми ифтитоҳи машқҳои муштарак муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия генерал-лейтенант Юнусбек Евкуров ба сухан баромада, чорабинии мазкурро расман оѓоз намуд. Ҳамчунин, бо садои Оркести ҳарбӣ-нафасӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи 8 давлат  фаъолона ширкат намуданд.

Мебояд гуфт, ки машқҳои стратегии фармондеҳӣ-ситодӣ таҳти унвони «Марказ-2019» дар ду давра баргузор гардид, ки давраи аввали он шароит фароҳам овардани вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ,  муқовимат намудан бо терроризми байналмилалӣ, ҳуҷуми ногаҳонӣ ва ѓайра ба ҳисоб мерафт.

                Марҳилаи дуюм бошад, ҷалби командирони штабҳо ва раёсати қўшунҳо  дар ҳолати оташ кушодани душман ва дар муқобили он андешидани чораҳои зарурӣ ба назар мерасид.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусалллаҳи Тоҷикистон аз техникаҳои ҷангӣ ва миқдори зарурии лавозимоти ҷангӣ истифода карданд.

Гурўҳи амалиётии контингенти ҳарбӣ, ки ба машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ дар харита ҷалб шуда баданд, вазифаҳои гузошташударо аниқ намуда, баҳогузории вазъиятро гузаронида, ба муайян намудани матлаби истифодабарии амалиётии гурўҳи коалитсионии қўшунҳо  яъне, тибқи ривояти машқ дар рафти тезутунд гаштани вазъият дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя , дар ҳайати қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таъсис дода шудааст, шуруъ намуда, гурўҳи амалиётӣ муайян намудани матлаби истифодабарии амалиётии гурўҳи коалитсионии қўшунҳоро ба итмом расонида, ба марҳилаи қабули қарори фармондеҳ оѓоз карданд.

Дар баробари оне, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар машқҳои муштарак ширкат варзиданд, бо вуҷуди он, дар мусобиқаҳои варзишии байни 7 давлати дигар аз намудҳои футболи хурд, гурзбардорӣ, бандкашӣ ва дигар намудҳои варзиш фаъолона ширкат карда, маҳорати хешро нишон доданд.

Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ Рўзи маданияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он филмҳои мустанад дар бораи таърихи Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо забони русӣ, барномаи консертӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон намоиш дода шуда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи сентябри соли 2008 дар машқгоҳи ҳарбии «Донгуз» машқҳои стратегӣ-амалиётӣ таҳти унвони «Марказ-2008» баргузор гардида буд, ки дар он беш аз 12 ҳазор хизматчии ҳарбӣ ширкат намуданд.

Ҳамчунин, 19-уми сентябри соли 2015  машқҳои стратегии фармондеҳӣ-ситодӣ таҳти унвони «Марказ-2015» бо иштироки Президенти Федератсияи Россия В. Путин доир гардида буд.

Мебояд гуфт, ки дар як вақт, машқҳои муштараки ситодӣ-стратегӣ таҳти унвони «Марказ-2019» дар машқгоҳҳои Тоцкий, Донгуз, Аданак, Чебаркул, Юргинский, Алейский  ва машқгоҳи ҚҲҲ ва МЗҲ Ашулик,  Сафакулево баргузор гардид, ки  дар маҷмуъ, ҳудуди 130 ҳазор сарбозу афсар ширкат карданд.  Дар машқҳои муштарак  беш аз  20 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ ва 600 адад ҳавопаймои ҷангӣ истифода гардиданд.

Дар  марҳилаи ниҳоии машқи стратегии фармондеҳӣ-ситодии «Марказ-2019» бо тирпарронии ҷангӣ дар машқгоҳи «Донгуз» ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд, зимни он дар баробари сарони баъзе аз давлатҳои иштирокдошта, инчунин вазирони мудофиаи кишварҳо аз ҷумла, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо иштирок доштанд. 

Ҳамчунин, дар ҷамъбасти машқҳои имсола аз ҷониби вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ медалу ифтихорномаҳо аз ҷумла, ба хизматчиёни ҳарбии тоҷик, медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» тақдим гардид.  Дар маҷмуъ, афсарони  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон ва дигар кишварҳо  тибқи фармоши вазири мудофиаи Федератсияи Россия, «барои хизматҳояшон дар таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ ва ҳамкории низомӣ бо артишҳои кишварҳои дӯст ва мусоидат дар ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ гузошташуда»сарфароз гардонида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки  хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз машқҳои низомӣ аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Оренбург дидан намуда, ба Ватан баргаштанд.

Азимҷон БАДАЛОВ,

Душанбе-Оренбург-Душанбе

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.