Алоқаи “Анор”: босифат, арзон, боэътимод

Фикру ақидаҳои муштариёни воқеӣ

«Анор – оператори ҷавонтарини мобилии Тоҷикистон буда, бо вуҷуди ин пайваста дар байни мардум, аз ҷумла дар байни мардуми Суғдзамин маъруфият пайдо карда истодааст. Мо аз толори алоқа боздид намуда, бо муштариёни нав суҳбат кардем ва муайян намудем, ки барои чӣ онҳо маҳз тарофаҳои “Анор”-ро интихоб мекунанд.

Парвиз Абдуллоев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд:

— Тарофаи “Диёр 50”-ро ҳангоми фаъол будани иқдом пайваст намудам. Арзиши он айни замон 25 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад, дигар касе чунин нархҳоро надорад. 

Нигина Самадова, модари ҷавон, хонашин:

— Рости гап, ман бори дуюм аст, ки тарофа пайваст мекунам, тарофаи пешинаамро ба тарофаи амалкунанда иваз кардам. То ин муддат ҳам тарофа чандон қимат набуд, лекин агар ба ҷои 40 сомонӣ 25 сомонӣ супурдан мумкин бошад, чаро ин корро накунам? Ташаккур, ки барои Суғд тарофаи махсус ташкил кардед, ба дугонаҳоям  низ тавсия медиҳам! 

Дилшод Бобоев, корманди ширкати оид ба ТИ:

— Хостам бисанҷам, ки алоқаи “Анор” чӣ гуна аст, дар SIM-корти дуюмам пайваст кардам. Агар сифати алоқа ва интернет ягон мушкилӣ пеш наорад, истифодаи онҳоро давом медиҳам. Шиносон таъриф мекарданд, беҳтараш худам месанҷам.  

Шукрона Назарова, фурӯшандаи мағоза:

— Ман мисли хоҳаронам тарофаи “Диёр 30”-ро истифода мебарам, мо чор нафарем. Барои чӣ интихоб кардем? Маблағи кам ва зангҳои ройгон дар дохили шабака. Бо якдигар хеле зиёд суҳбат карда метавонем. Хоҳаронам пайваст карданд, акнун  ман.

Шавкат Хамроев, донишҷӯ:

— Тарофа бо нархи 25 сомонӣ боз дар куҷо ҳаст? “Диёр 50”-ро аз рӯи иқдом барои нархаш интихоб кардам, ва инро пинҳон намекунам. Шахсан барои ман – ин сарфаи хуб аст. Лекин, шояд трафики интернет барои як моҳ камӣ кунад, агар ҳамин тавр шавад, бастаи иловагӣ мегирам. Дар шабакаи мазкур белимити шабона пешбинӣ шудааст, метавон шабҳо YouTube тамошо кард.

Сухроб Шодиев, ронанда:

— Дар ҷои кори мо якчанд нафар баъди дидани реклама “Анор”-ро санҷида баромаданд. Мегӯянд, мавҷи хуб дорад. Ягон чизи нолозим, хизматрасониҳое, ки умуман истифодаашон намебарӣ, мавҷуд нестанд. Нархаш бошад, аз тарофаи қаблии ман панҷ маротиба арзонтар аст. Барои ҳамин иваз кардам. Акнун тариқи “Анор” занг мезанам.

Ба санҷидани алоқаи нав омода ҳастед? Тарофаро дар сомонаи оператор интихоб намоед!

“Анор” – оператори инноватсионии имкониятҳои содда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *