Бонуи аввали Эрон кист?

Ҷамила Содот Аламулҳудо нависанда, пажӯҳишгар ва устоди ду донишгоҳи Эрон аст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад.

Санъати зиндагии занон

8-уми ноябр дар доираи сафари расмии президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Саид Иброҳими Раисӣ ҳамсари ӯ Ҷамила Содот Аламулҳудо низ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни сафари хеш бону Аламулҳудо меҳмони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва мактаб-интернати №1 шуд.

Ҷамила Содот Аламулҳудо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён мулоқот карда, дар бораи рушди муносибатҳои дӯстонаи Эрон бо Тоҷикистон ва омӯзишу таҳқиқ сухан гуфт.

Ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни пазироии Ҷамила Содот ёдовар шуд, ки соли 2021 дар сафари нахустинаш ба Тоҷикистон Саид Иброҳими Раисӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, ба узвияти ифтихории Шӯрои олимон ва доктори фахрии ДМТ пазируфта шуд.

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ китоби хонум Ҷамила Содот “Санъати зиндагии занон” рӯнамоӣ шуд. Китоби мазкур тозанашр буда, дар он нақши занон дар ҷомеа таҳлил шудааст. Он аз 8 боб иборат буда, мавзуҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан ва ҷомеа, зан — зебоӣ, зан — ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Пас аз ин, ҳамсари раисҷумҳури Эрон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино рафта, бо донишҷӯёни ин донишгоҳ низ вохӯрӣ гузаронидааст.

Ҳамчунин, Ҷамила Содот Аламулҳудо бо тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе вохӯрӣ кардааст.

Як бардошт

Меҳрангез, донишҷӯйи ДМТ мегӯяд: “Вақте аввалин маротиба занеро бо ҳиҷоби сиёҳ дидем, ҳайрон шудем, ки ӯ ба мо чӣ мегуфта бошад? Зеро дар ҷомеаи мо бонувони мазҳабӣ кам андар кам аз минбарҳо сухан мегӯянд. Вале беҳуда намегӯянд, ки “ба одам аз зоҳираш баҳо набояд дод”. Ҳақиқати ин гуфтаро дар суҳбат бо бонуи аввали Эрон Ҷамила Содот Аламулҳудо дарк кардем, зеро эшон бонуи донишманд, доктори илм, устоди донишгоҳ ва муаллифи чандин китоб будаанд. Суҳбаташон ҳам хеле донишмандона буд”.

Ҷамила Содот кист?

Ҷамила Содот Аламулҳудо нависанда, пажӯҳишгар ва устоди ду донишгоҳи Эрон аст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад.

Ӯ соли 1975 дар оилаи руҳонии маъруф ва имоми масҷиди ҷомеи Машҳад Сайид Аҳмад Аламулҳудо ба дунё омадааст. Дар 18-солагӣ бо Иброҳими Раисӣ иҷдивоҷ кард. Аз ин пайванд ду фарзанд — Райҳон ва Марям ба дунё омадаанд.

Ҷамила Содот соли 2013 дар Донишгоҳи тарбиати мадрис унвони доктори фалсафаи маорифро гирифтааст. Ҳамон сол ӯ Пажӯҳишгоҳи бунёдии илм ва фанноварии Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштиро таъсис дод ва то ба ҳол раҳбари он аст.

Дар факултети илмҳои таълимӣ (педогогика) ва равоншиносии Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштӣ дарс мегӯяд. Инчунин, дар курси докторантураи Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштӣ аз фанҳои фалсафаи таҳсилоти олӣ, антропология дар ислом, усулҳои таълим, асосҳои назариявии идоракунии маориф, мактабҳои фалсафӣ ва андешаҳои таълимӣ дарс медиҳад.

Аз моҳи марти соли 2018 дабири Шӯрои таҳаввул ва навсозии низоми маориф мебошад.

Баҳси “бонуи аввал”

Ёдовар мешавем, ки дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон мартабаи “бонуи аввал” маъмул нест. Ин мартаба хоси давлатҳои ғарбӣ мебошад. Вале матбуоти Ғарбу Эрон чанд маротиба Ҷамила Содотро ба ҳайси “бонуи аввал”-и Эрон муаррифӣ карданд. Ин боиси он шуд, ки дар расонаҳо баҳси наве оғоз шавад, ки “бонуи аввал”-и Эрон кист,

Мансура Хуҷаста Боқирзода — ҳамсари Сайид Алии Хоманаӣ — ҳамсари роҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва ё Ҷамила Содот — ҳамсари раисҷумҳури кишвар Иброҳими Раисӣ.

Гарчанде шахси аввали Эрон Алии Хоманаӣ аст, вале ҳамсари ӯ Мансура Хуҷаста Боқирзода то кунун фаъолияти сиёсӣ ва расмӣ надоштааст. Ӯ бонуест, ки то ба имрӯз ҳеҷ тасвире аз ӯ ба таври расмӣ нашр нашудааст. 

Вале Ҷамила Содот Аламулҳудо ҳанӯз қабл аз ба курсии президентӣ нишастани ҳамсараш дар муҳити илмии Эрон шинохта шудааст. Баъди раисҷумҳур шудани Иброҳими Раисӣ ӯ дар сафарҳои дохиливу хориҷӣ ҳамсарашро ҳамроҳӣ мекунад. Ва ӯ нахустин ҳамсари раисҷумҳури Эрон аст, ки ҳатто барои расонаҳои амрикоӣ мусоҳиба додааст. Ӯ дар расонаҳо дар мавриди ҳуқуқи занон дар ҷомеаи исломӣ сухан ронда, собит кардан мехоҳад, ки занон дар ҷомеи исломӣ ҳам метавонанд аз ҳуқуқҳояшон бархӯрдор бошанд. Ҳамин аст, ки расонаҳо ӯро бонуи аввал муаррифӣ мекунанд. Вале худи ӯ дар як мусоҳибааш гуфтааст: “Ман тоза мутаваҷҷеҳ шудам, ки бандаро ба унвони бонуи аввал муаррифӣ кардаанд. Лозим аст тавзеҳ диҳам, дар сохтори Ҷумҳурии Исломӣ бонуи аввал ҳамсари раҳбари муаззами инқилоб ҳастанд”.

Фаъолияти сиёсии Ҷамила Содот

Ҷамила Содот Аламулҳудо аз замони ба сари қудрат омадани ҳамсараш фаъолити фаъоли сиёсӣ дорад. Дар масоили мухталиф изҳори назар мекунад.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт, ки ҳатто мухолифи дар интихобот ширкат кардани шавҳар аст, вале дар ҳама ҳолат дар паҳлуи ӯ хоҳад буд: “Ба унвони ҳамсари оқои Раисӣ мувофиқи ҳузури эшон дар интихобот набудам, аммо ба унвони як ҳаводор дар байни номзадҳои интихоботӣ танҳо касе, ки вижагиҳои марди назари раҳбарро дорад, оқои Раисӣ аст”.

Дар ин авохир ҳам Ҷамила Содот ба ҳамсарони 40 кишвари ғарбӣ нома навишта, аз онҳо талаб кард, ки ҳамсаронашонро водор кунанд, ки аз қатлу куштор ва фоҷеаи инсонӣ дар Фаластин ҷилавгирӣ шавад.

Фариза БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *