Алоқаи мобилии “МегаФон Тоҷикистон” дар баландкӯҳҳои Помир устувортар шуд
Тӯли соли 2023 миқдори пойгоҳҳои базавии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар ВМКБ ба андозаи 15% афзоиш ёфт. Ба ғайр аз ин, хатҳои радиорелеӣ ва нахӣ-нурии алоқа пайваста бунёд гардида, мавриди муосиркунонӣ қарор дода мешуданд. Чун натиҷа суръати интернет, сатҳи устувории шабака то дараҷаи назаррас баланд бардошта шуда, хизматрасониҳои рақамӣ барои сокинони баландкӯҳҳо боз ҳам дастрастар карда шуданд.
Пойгоҳҳои базавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Шуғнон ба кор дароварда шуданд. Бисёри ПБ стандарти 4G-ро дастгирӣ мекунанд ва муштариёнро бо суръатҳои баланди интернети мобилӣ таъмин менамоянд. Оператор шабакаро дар минтақаҳои маъруфи туристӣ низ васеъ менамояд – масалан, яке аз пойгоҳҳои базавӣ акнун дар ҳудуди осоишгоҳи “Биби Фотимаи Заҳро” дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ кор мекунад.
Лоиҳаи бомиқёси соли ҷорӣ муосиркунонии шабакаи таҳвилии ширкат ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, қобилияти гузариши хатҳои радиорелеӣ (ХРР) дар қитъаи Нуробод – Ванҷ қариб ду маротиба зиёд гардида, аз 700 Мбит то 1,4 Гбит расидааст. Мавҷудияти ХРР-и худ бо чунин зарфият ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон додааст, ки дигар аз хатҳои алоқаи нахӣ-нурии баиҷорагирифташуда вобаста набошад ва трафики муштариёнро ҳатто ҳангоме, ки манбаъҳои берунӣ аз кор мебароянд, интиқол диҳад. Ин дар шароитҳои ВМКБ, ки дар он кабелҳои нахӣ-нурии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ баъзан бинобар тармафароиҳо ва лағжишҳо ё ҳангоми корҳо оид ба таъмири роҳ канда мешаванд, хеле мубрам мебошад.
МегаФон Тоҷикистон хатҳои алоқаи нахӣ-нурии (ХАНН) худро низ инкишоф медиҳад. Дар соли 2023 корҳои асосӣ дар ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон анҷом ёфта, дар натиҷа 50 км кабелҳои нав гузаронида шуданд. Дар ноҳияи Ванҷ бошад, чунин имконияти техникӣ ба монанди бахши сайёр ба кор бурда шудааст. Бинобар релефи мураккаби маҳал қисми сокинон дар ҳудуде қарор гирифтааст, ки ба он сигнали пойгоҳи базавӣ бевосита ворид намешуд. Шохаи иловагии ХАНН имкон дод, ки муштариён бо вуҷуди мавҷуд будани кӯҳ бо алоқа таъмин карда шаванд.
“Бунёдкунӣ ва хизматрасонии шабака дар ВМКБ бинобар вазъи номусоиди боду ҳаво, дурдастии бисёри минтақаҳои кӯҳӣ хеле мушкил аст. Бар замми ин, алҳол таъмири роҳи стратегии мошингард дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз ҷараён дорад, ҳаракат танҳо дар вақти шабона барқарор мешавад. Ба муҳандисони мо барои рафта расидан ба ҷойҳое, ки дар онҳо таҷҳизот насб шудааст, бахусус, барои гузаронидани корҳои таъмирӣ вақти бештар лозим меояд. Барои ҳамин мо диққати асосиро ба рушди хатҳои радиорелеӣ ва технологияҳои дигаре, ки сатҳи устувории телеком-хизматрасониҳоро баланд мебардоранд, равона намудем. Лоиҳаи асосӣ бакордарории ХРР дар қитъаи Нуробод-Ванҷ буд. Дар оғози соли равон расидан ба ин мақсад хеле заҳматталаб менамуд, лекин дар моҳи октябр ба мо муяссар шуд, ки дар ин ҷода ба муваффақият ноил шавем. Акнун муштариёни мо ҳамеша дар алоқа мебошанд ва дастрасии алоқа дигар ба омилҳои берунӣ вобастагӣ надорад. Дар соли 2024 ба нақша гирифтаем, ки пурра корҳоро оид ба бандкунии шабакаамон ба анҷом расонем”, — мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ