Муноқишаи хунин дар пойтахт

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 декабри соли 2023 хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

ВКД дар шарҳи сабаби боздошти ин сокини Вахш гуфт: “Номбурда, 10-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:05-дақиқа, ҳамроҳи бародараш, ҷавони 21-сола ва тағояш, марди 32-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Вахш ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Вахш муноқиша намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Гумонбаршаванда бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷайбаш корди худро бароварда, ба шиками ҷабрдида 1 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст”.

Ба ӯ вобаста ба то чӣ дараҷа ҷиддӣ будани осеби ба саломатии ҷабрдида расондааш ҳамчун ҷазо аз 2 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *