«АЛО, ошно!» Рафаел Гулов ба кӣ занг зад?

Сомонаи Pressa.tj барои аудиторияи YouTube, Instagram ва TikTok лоиҳаи ҷадидеро бо номи “Ало, ошно!” пешниҳод мекунад.

АЛО, ошно!#1 бо Рафаел Гулов

ШАкли пурраи барнома ин ҷо

Дар ин барнома ЮтубБлоггерон, ИнстаграмБлоггерон ва ТиктокБлоггерон даъват шуда, ба онҳо 5 саволу 60 сония вақт дода мешавад. Шарт ин аст, ки бояд дӯстони телефонии меҳмони барнома дар 60 сонияи додашуда ба 5 саволи ровиён ҷавоб диҳанд. Яъне пас аз додани савол аз рӯйхати дӯстони меҳмон бо интихоби меҳмон нафареро пайдо мекунанд ва ба ӯ занг мезананд. Агар нафари мазкур дар 60 сония ба савол ҷавоб диҳад, сонияҳо тағйир намеёбанд ва ба саволи дуюм гузашта мешавад. Аммо агар ба савол ҷавоби дуруст гирифта нашавад, пас 10 сонияи вақти умуми кам карда мешавад ва бо ҳамон саволи беҷавоб ба касе дигар муроҷиат карда мешавад.

Ҳамин тавр, барнома сурат мегирад ва агар то охир саволҳо тамом шаванду сонияҳо боқӣ монанд, меҳмони барнома ғолиб дониста мешаваду соҳиби туҳфаи хотиравӣ мегардад, агар баръас, яъне сонияҳо тамом шаванду саволҳо монанд, пас меҳмон аз барнома дасти холӣ меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин лоиҳа версияи тоҷикии “Контакт”-и блоггери рус Антон Шастун аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *