Рафаэл Гулов — блогери соли 2020

Имрӯз,11 январ дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дипломи “Блогери сол 2020” ба Рафаэл Гулов блогери маъруфи тоҷик эъто карда шуд. Ин эътироф дар заминаи як назарсанҷии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муайян карда шудааст.

“Рафаэл Гулов дар соли 2020 назар ба дигар блогерони тоҷик дар фазои маҷозӣ, махсусан дар Ютуб ва Фейсбук фаъол буд ва аз чандин маросиму ҷашнвораҳои намояндагони шоу-бизнес «Бекстейҷ» омода кард, бо овозхонҳои раддаи аввали эстрада, аз ҷумла Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова ва Зулайхо Маҳмадшоева мусоҳиба намуд. Ҳамчунин, чанд лоиҳаи дигари ӯ муваффақ буданд. Аз ин хотир 56%-и респондентон ӯро “Блогери сол” ном гирифтанд” – омадааст, дар рейтинги “Тоҷикистон”.

Зимни тақдими дипломи “Блогери сол” ба Рафаэл Гулов муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир гуфт, ки “ин диплом ва натиҷаи ин назарсанҷӣ, ки ба таври пӯшида миёни корбарни шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор шуд, нишони эътирофи кори Рафаэл аст”.

Рафаэл Гулов таассуроти худро аз натиҷаи рейтинги “Тоҷикистон” чунин баён кард:
“Ростӣ интизор набудам, ки заҳмати ман чунин қадр мешавад. Натиҷаи ин назарсанҷӣ барои ман хеле муҳим аст. Аз ин бармеояд, ки кори ман барои ҷомеа ҷолиб аст ва меҳнати ман беҳуда нест”.
Ҳамчунин, ӯ ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва мухлисони хеш изҳори сипос гуфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *