Ҳалокати 4 нафар дар Ишкошим
Дар ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Бадахшон автомашина ба дарёи Панҷ чаппа шуда ва 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи 20-уми июли соли 2019 автомашинаи тамғаи «Хундай-Голопер», ронандааш Нозим Маликмамадови 28-сола, сокини деҳаи Ямгии ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ишкошим-Лангар-Тускул» дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур: Гулмамад Савлатови 65-сола, Санавбар Савлатови 37-сола, Гулбоғ Саидбековаи 59-сола ва Абдулмамад Савлатови 59-сола, сокинони деҳаи Ямгӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи деҳаи Вранг ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Аловат Солиев, сокини деҳаи Ямгӣ, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи деҳаи Вранг бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ