Хонандагони литсеи ДСХ 50 дарсад коҳиш меёбад

Хонандагоне, ки дар литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо баҳои қаноатбахш таҳсил мекунанд, хориҷ карда шуда, инчунин теъдоди хонандагон 50 дарсад кам мешаванд.

Хонандагоне, ки дар литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо баҳои қаноатбахш таҳсил мекунанд, хориҷ карда шуда, инчунин теъдоди хонандагон 50 дарсад кам мешаванд. 

Дар ин бора имрӯз, 22-юми июл Фозил  Обидов, ректори донишкадаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. 

Ба таъкиди номбурда литсеи мазкур аслан барои хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфт: “Мо бо падару модарон суҳбат доштем ва фаҳмонидем, ки нисбат ба таҳсили фарзандони худ бетараф набошанд. Инчунин, синфхонаҳои литсей барои то 25 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Мутаассифона, ин талабот риоя намегардад. Ба хулоса омадем, ки теъдоди хонандагонро низ  кам кунем. Зеро ҳамагӣ барои то 350-400 ҷойи нишаст дорем”.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло теъдоди хонандагон дар литсейи   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз марзи 700 нафар убур кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *