Ҳалокати дастаи футбол дар садамаи самолёт
29 ноябр васоити ахбори омма ба иттилои оҷонсии Associated Press такя карда, хабар паҳн намуданд, ки дар ҳудуди музофоти Антокияи кишвари Колумбия тайёрае сукут кард, ки дар он 80 мусофир, аз ҷумла аъзои дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия парвоз доштанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, самолёт, ки аз Боливия ба Меделин парвоз мекард, дар маҳали шаҳри Рионегро аз назорати радарҳо нопадид гаштааст. Сарнишини тайёра ба диспетчери фурудгоҳи Меделин Кордова дар бораи норасоии сӯзишворӣ хабар дода, иҷозати фурӯдоиро мегирад, вале тайёра ба фурӯдгоҳ нарасида, сукут мекунад. Аз 22 нафар футболбози даста як нафар Алан Рушел ҷон ба саломат бурдааст. Баъдтар хабар расид, ки гӯё дарвозабони даста Данило низ зинда монда бошад.
«Шапекоэнсе» дар Меделин бояд дар мусобиқаи байналмилалии ҷоми Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ ширкат меварзид.
Бошгоҳи футболи «Шапекоэнсе» аз шаҳри Шапеко, иёлати Санта-Катарина, аз соли 2014 боз дар силсилаи чемпионати Бразилия баромад мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ