Кумита: Аз яхпора эҳтиёт шавед!

 Бо дарназардошти сардии ҳаво дар Ҷумҳурӣ  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки аз яхпораҳои биноҳо эҳтиёт шаванд.

Аз Кумита иттилоъ медиҳанд, ки як нишонаи хатари яхпораҳо мавҷудияти  шӯшаҳои овезон дар бому бомгӯшаҳост. Захмҳо бар асари уфтодани шӯшаҳо ва якпораҳо ҳамеша хатарноканд ва мебояд тадбирҳои бехатариро дар ин маврид риоя кард.

Дар ҳамин иртибот кумита дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд. Дар ин ҳолатҳо ба бозии кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунанд, ки ташкилоти хизматрасонро огоҳ созанд.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кунанд:

Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гирифта, ба боло нигоҳ кунед. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то ба шумо осеб нарасад.

Агар Шумо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо шудед, пас фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба телефонҳои 223 13 11 ва 221 91 19 занг занед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *