Ҳалокати хонандагон дар роҳ

ӣ тавр аз он пешгирӣ бояд кард?

Дар се моҳи соли равон  дар роҳҳои пойтахт 13 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он аз ҷумлаи хонандагон  2 нафар ҳалок гардида, 12 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ин вазъият ШБДА-и  РКВД-и шаҳри Душанберо вазифадор намуд, гурӯҳи таблиғотию ташвиқотӣ (ГТТ)-ро баҳри пешгирии садамаҳои нақлиётӣ таъсис диҳад. Имрӯзҳо ГТТ тибқи нақша байни аҳолии пойтахт корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ дорад.

Аъзои гурӯҳ ҳафтаи гузашта дар МТМУ №42-и ноҳияи Фирдавсӣ бо омӯзгорону хонандагон ва волидон вохӯрӣ барпо карданд.  Полковники милиса Зиёратшо Хушов, муовини сардори шуъбаи БДА-и шаҳри Душанбе  барои ҳозирин оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сухан гуфта, аз ҳодисаҳои садамаҳои нақлиёти зикршуда дар кӯчаи Қаҳҳоров  хотирнишон шуд. Чунин  садамаҳо бо хонандагони МТМУ №№15 ва 93 низ рух додааст. Нотиқ баҳри тасдиқи гуфтаҳои хеш наворҳоро ба аҳли толор намоиш дод. Пас аз ин пешниҳод намуд, ки дар мактабҳо оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дарсҳои 17-соатаи «Қоидаи ҳаракат дар роҳ» аз тарафи омӯзгорон дуруст ба роҳ монда шавад.

Маълум  шуд, ки дар муассисаи мазкур аз соли 2007 инҷониб дастаи «Нозирони навраси ҳаракат» амал менамояд. Ин даста тез-тез бо гурӯҳи таблиғотии ШБДА РВКД-и шаҳри Душанбе аксияҳо доир намуда, дар озмуну семинарҳо иштирок  мекунад ва  бо хонандагони синфҳои поёни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарсҳои амалӣ мегузаронад, дар чорроҳаҳо ба пиёдагардони хурдсол ёрии амалӣ мерасонад.

Директори МТМУ №42 С. Д.  Маҷидова иттилоъ дод, ки воқеан гурӯҳи «Нозирони навраси ҳаракат»-и муассиса дар пешгирии ҳодисаҳои роҳ метавонад бештар саҳм бигирад. Номбурда аз ҷумла гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» низ масъулиятшиносии дучанди волидонро  нисбат ба риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ  аз тарафи фарзандон таъкид менамояд.

Мирзохон Саидов,

нозири калони ГТТ ШБДА РВКД ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *