Ҳисор: Модар тифли навзодашро дар бадали 3000-сомонӣ фурӯхт

Як зани 30-солаи сокини деҳаи Сумбули Ҳисор бо иттиҳоми фурӯхтани тифли навзодаш дастгир шудааст. Вазорати дохила мегӯяд, ин зан рӯзи 4 апрел писар таваллуд карда, «бино бар надоштани шароити мусоид” кӯдаки навзодашро ба як марди 40-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 3000 сомонӣ фурӯхт, вале аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода, муваққатан истиқоматкунандаи деҳаи Сумбулаи шаҳри Ҳисор, рӯзи 4-уми апрели соли 2018, кӯдаки навзоди ҷинсаш мард таваллуд намуда, бинобар надоштани шароити мусоид кӯдаки навзодро ба марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба маблағи 3000-сомонӣ фурӯхтааст.

Зани гумонбар дар хариду фурӯши тифли навзод аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *