Ҳалокати Махфират ва Бобораҷаби хурдсол дар ду ҳодисаи нохуш
Дар кӯчаи Испечаки пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Сатурн” Бедилов Ҳусейн Бобораҷаби хурдсолро пахш намуд, ки ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ хурдсол ҷони худро аз даст дод.
Дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар ҳудуди ноҳияи Нуробод автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ба ҷарии 460 метр чаппа шуд ва мусофири автомашина Махфират Аҳлиддиновна дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин, дар кӯчаи Испечаки пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Сатурн” Бедилов Ҳусейн Бобораҷаби хурдсолро пахш намуд, ки ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ хурдсол ҷони худро аз даст дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми апрели соли 2019, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров Шамшод Зафарҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар ҳудуди ноҳияи Нуробод аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, ба ҷарии 460 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Муҳиддинова Махфират Аҳлиддиновна, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 27-уми апрели соли 2019, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Сатурн”, Бедилов Ҳусейн Кабутович, соли таваллудаш 1969, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Испечаки пойтахт аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Раҷабов Бобораҷаб Маъруфович, соли таваллудаш 2010, сокини кӯчаи мазкурро пахш намудааст, — омадааст дар иттилоия.
Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, хурдсол Раҷабов Б.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ