Неймар мухлисашро мушт зад

Неймар бо дасташ камераи телефони ҷавонро пӯшиданӣ мешавад ва даъват мекунад, ки ба навор нагирад…, пас аз ин ҷанҷол сар мезанад.

Дар шабакаи YouTube наворе паҳн шудааст, ки дар он футболбози номдору машҳури бразилӣ Неймар мухлисеро мушт мезанад.

Ҳодиса пас аз маросими туҳфасупории Ҷоми Фаронса дар майдони «Стад де Франс», пас аз шикасти дастаи Неймар «Пари Сен Жермен» аз тими “Ренн” ба вуқӯъ пайваст. Дар навор дида мешавад, ки Неймар мухлисро мушт зада роҳашро идома медиҳад.

Бино ба иттилои «Известия», Неймар бо дасташ камераи телефони ҷавонро пӯшиданӣ мешавад ва даъват мекунад, ки ба навор нагирад…, пас аз ин ҷанҷол сар мезанад.

Вақти асосии бозии миёни «Пари Сен Жермен» ва «Ренн» мусовӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Аз дастаи «Ренна» Эдсон Мешер, гол заду аз “ПСЖ” Дани Алвес ва Неймар. Як голи дигар ҳимоятгари “ПСЖ”, Преснел Кимпембе ба дарвозаи худ ворид кард.

Дар қисми пеналти бошад «Пари Сен-Жермен» бо ҳисоби 5:6 шикаст хурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *