Ҳалокати се ҷавон дар як садама
Шаби 20 ноябр, соати тақрибан 00:10 дар километри 74-уми роҳи Панҷакент-Айнӣ дар мавзеи Дупулаи Вешист бар асари аз баландӣ афтодану ба мошин бархӯрдани санг, як мошини тамғаи ВАЗ -2115 ба ҷарии тахминан 70 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷаи ин садама се нафар – ронандаи мошин Ораз Алиев ва мусофиронаш Саҳобиддин Шукуров ва Фаридун Қодиров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Бино ба гузориши маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, фоҷиа дар километри 74-уми роҳи Панҷакент – Айнӣ соати тахминан 00:10-и шаби 20 ноябр рух додааст.Бино ба ин манбаъ,»ронандаи мошини тамғаи ВАЗ-2115, рақами давлатиаш ТҶ 21-13 ОД01 Алиев Ораз Толибович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Баҳори ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, оиладор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Панҷакент -Айнӣ дар километри 74-ум дар ҳудуди мавзеи Дупулаи Вешисти ҷамоати Лоиқ Шералӣ, ки гардиши мураккаб мебошад, аз сабаби аз баландӣ афтодану ба мошин бархӯрдани санг, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба ҷарии тахминан 70 метр чаппа шудааст.”
Дар натиҷаи садама ронанда Ораз Алиев ва ҳамчунин ду мусофираш Қодиров Фаридун Исрофилович, соли таваллудаш 1988, ва Шукуров Саҳобиддин Меъроҷиддинович, соли таваллудаш 1985, ҳама сокинони деҳаи Баҳор (собиқ Ғусар)бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ