Аловатшоев «зери хатари шиканҷа қарор дорад»,- мегӯяд IPHR

Рӯзи 18-уми феврал Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ изҳороти Эътилофро рад кард ва гуфт, Аловатшоев дар СИЗО буда, хешовандонаш бо ӯ дидорбинӣ мекунанд. «Адвокаташон баромад кард ва шиканҷа шуданашро рад кард»,- афзуд сухангӯи ВКД.

То рӯзи 17-уми феврал вакили дифоъ дар бораи дар куҷо будани Амриддин Аловатшоев, иттиҳом алайҳи ӯ ва мақоме, ки тафтишоти пешакиро анҷом медиҳад, маълумот надорад,- мегӯянд  масъулини Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа.

Рӯзи 2-юми феврал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, «Амриддин Аловатшоев ба гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Номбурда барои содир кардани ин ҷиноятҳо дар ҷустуҷӯ қарор дошт».

Навори суҳбати Амриддин Аловатшоевро рӯзи 11-уми феврал телевизиони давлатии «Бадахшон» нашр кард. Ӯ дар ин навор, ки зоҳиран зери назари мақомот суҳбат мекунад, мегӯяд, зери шиканҷа қарор надорад ва худаш ихтиёрӣ ба ватан баргашт.

Рӯзи 7-уми феврал Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) дар як изҳорот аз он нигаронӣ карданд, ки Амриддин Аловатшоев «зери хатари шиканҷа қарор дорад». Аммо баъзе аз хешовандони Аловатшоев бо пахши наворҳое дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, шиканҷа шудани Аловатшоевро рад карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *