Ширин АМОНЗОДА, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома. Амонзода Ширин Шодӣ 5-уми феврали соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ихтисоси забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ (1999), факултаи рушди иқтисодии Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон (2016) бо ихтисоси равобити байналмилалии сиёсӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Фаъолияти корӣ. Фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи методикаи омӯзиши забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (1999-2002) шуруъ кардааст.

Солҳои 2000 — 2004 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (Душанбе, 2000 — 2001), Кумитаи шветсиягии Афғонистон (Душанбе — Афғонистон, 2001-2004), Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (Душанбе, 2004) ва Намоишгоҳи Ҷаҳонии Айчӣ (Ҷопон, 2005) дар вазифаҳои масъул фаъолият намудааст.

Аз соли 2007 то 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассис дар Хадамоти протоколӣ (2005-2007), Раёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (2007-2012) ва Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ (2012-2017) кор кардааст.

Соли 2017 муовини раис ва аз 27-уми январи соли 2020 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъин гардид.

Унвони илмӣ. Номзади илмҳои филология.

Қадршиносӣ. Барандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (2008).

Асарҳо. Дар мавзуҳои «Сиёсати давлатии банақшагирии сайёҳӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти миллӣ» (Ҷопон, 2016), «Таърихи омӯзиши назми Шарқ дар Англия ва Амрико» (Душанбе, 2004), «Муколамаи тамаддунҳо» (1999-2004) ва ғайра пажуҳиш гузаронидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *