Алтай Аншибоев ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум гашт
Додгоҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 17 май муовини сардори пулиси вилоят Алтай Аншибоевро ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Ашинбоев дар фасодкорӣ ҳангоми хариди давлатӣ айбдор мешавад.
Моҳи июни соли 2016 барои таъмири бинои шуъбаи пулиси ноҳияи Илекскийи Оқтеппа 18 миллион танга ( 55 ҳазор доллар), як моҳ баъд барои бозсозии таъмиргоҳи мошинҳои ҳамин шуъба беш аз 23 миллион танга ва моҳи июли соли 2017 барои таъмири бинои шуъбаи пулиси Заречний 7 миллион танга ҷудо шудааст. Ин пулҳо бо вуҷуди он ки ширкатҳои пудратчӣ тамоми масъулиятҳои худро иҷро накардаанд, ба ҳисоби онҳо ворид гаштааст.
Аншибоев, ки масъули хариди давлатӣ буд, айбҳои зиддаш эъломшударо рад карда, аз додрас хост, то поёни тафтишот ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кунад. Вале додрас гуфт, ӯ ҳангоми дар озодӣ будан метавонад ба рафти тафтишот таъсир расонад.
Дар додгоҳ гуфтанд, ки гумонбар қаблан даъвати муфаттишонро ба бозпурсӣ нодида гирифта, худи он рӯз ба Урал сафар кардааст.
Фасодкории эҳтимолии муовини сардори пулиси Оқтеппаро Идораи амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ошкор карда, сипас парвандаро дар ихтиёри Хадамоти зиддифасод гузоштааст. Дар пулиси Оқтеппа гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир, Аншибоев ягона гумонбар дар доираи парвандаи мазкур аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ