Биби наберафурӯш ба даст афтод

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 54-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд.

Номбурда, моҳи марти соли 2018, бо маслиҳати пешакӣ бо зани 63-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кӯлоби ҳамин шаҳр, рӯзи 9-уми апрели соли 2018, кӯдаки навзоди ҷинсаш марди духтараш, зани 30-солаи сокини шаҳри мазкурро, ки дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб зоидааст, гирифта, ба зани 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ба маблағи 2.000-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашонро ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд.
Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *