Алвидоъ, витилиго!Роҳи табобати барас пайдо шуд (видео)

Дар Душанбе марказе пайдо шудааст, ки роҳи аз байн бурдани сафедшавии пӯстро пайдо намуд. Мо бо Нигина Шералиева — бунёдгузор ва роҳбари ин марказ ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем. 

— Барасро (витилиго) табобатнашаванда мегӯянд. Аммо овозаҳо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд, ки шумо роҳи ҳалли онро пайдо кардед?

— Дуруст аст, ки мо роҳи бартараф кардани барасро пайдо кардем. Одамон бо чеҳраи ғамгин меоянду бо лаби хандон бармегарданд.

— Витилиго (барас) чӣ гуна беморист?

— Витилиго беморӣ нест, нуқсони зоҳирии пӯст, сафед шудани он бар асари аз байн рафтани пигмент аст. Дар ҳолатҳои стресс, тарс, вайрон шудани мубодилаи ғизо ва ҳолатҳои дигаре, ки тиб ҳанӯз онро намедонад, ҷо-ҷо пӯсти бадан сафед мешавад. Инро дар тиб депигментатсия, дар тиби ниёгони мо барас мегуфтанд. Ҳолатҳои сиёҳ шудани пӯст низ ҳаст, ки онро гиперпигментатсия ва дар тиби ниёгон онро баҳақ меномиданд. Барас бародари баҳақ аст. Мувофиқи омор, то 2% аҳолии ҷаҳон гирифтори он мебошад. Маълумот ҳаст, ки солҳои охир бар асари зиёд шудани стресс  хусусан дар Тоҷикистон барас авҷ гирифтааст. Дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё ба он эътибор намедиҳанд, табобат ҳам намекунанд. Он дар мамлакатҳои ақибмондаи аҳолияш мусулмон, хусусан Осиёи Марказӣ ба як бемории иҷтимоӣ табдил ёфтааст.  

— Чӣ водор сохт, ки шумо ба табобати витилиго (сафедшавии пӯст) даст задед?

— Ин таърихи дароз дорад. Садҳо духтарони зебо бо сабаби доғи сафеди пӯст доштан бешавҳар, садҳо ҷавон беҳамсар мемонанд. Худам шоҳиди даст ба худкушӣ задани духтаре шудам, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надошт. Пас аз гирифтани маълумоти тиббӣ ба омӯхтани ин иллати пӯст машғул шудам, мутолиаи зиёд кардам, ба хориҷа таҷрибаомӯзӣ рафтам. Илман бароям собит шуд, ки ин иллат нуқсони пӯст аст ва бо гузашти вақт метавонад табобат шавад ё нашавад.

— Омӯхтед ва ба чӣ хулоса омадед?

⁃ Муҳаққиқон бар асари омӯхтани барас комуфляжи витилигоро ихтироъ карданд, ки барои ҳамеша доғҳои сафедро аз байн мебарад.

Он чӣ гуна аст?

⁃ Рангҳои табиии тиббӣ ихтироъ шудаанд, ки ба таркиби дермаи пӯст бо дастгоҳҳои махсус ворид карда мешаванд ва барои ҳамеша доғҳои сафедро аз байн мебаранд. Ҳоло он дар тамоми дунё истифода мешавад ва ба протоколи тиббӣ даромадааст.

Комуфляж мисли татуаж аст?

⁃ Комуфяж татуаж нест. Аз бесаводии мардум истифода бурда, марказҳои ороишӣ гирифторони барасро ба доми қаллобӣ афтонидаанд. Ин кори онҳо оқибатҳои ногувор дорад. Чанд нафар ки татуаж карданд, пӯсташон кабуд гашта, дар ҳолати ногувор ба мо муроҷиат карданд. Ҳатто ман сурати ҷабрдидагонро дар саҳифаи истаграмам гузошта, ба чунин косметологҳо муроҷиат намудам, ки ба ин амали ғайри тиббӣ, ғайри қонунӣ даст назананд, ки метавонад оқибати ҷиноятӣ дошта бошад.

— Комуфляжи барас ба тиб чӣ алоқа дорад?

— Комуфляж ба протоколи тиббӣ дохил карда шудааст. Яъне ба ин кор одамоне даст зада метавонанд, ки маълумоти тиббӣ доранд, мутахассис ҳастанд. 19-уми январи имсол дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гашт. Ман дар бораи комуфляжи барас маърӯза кардам. Он аз ҷониби олимони тиб хуб пазируфта шуд ва баҳои баланд гирифт.

— Дар Тоҷикистон мутахассисони комуфляжи барас зиёд ҳастанд?

— Ман аввалин мутахассиси ҳуқуқи қонунӣ дошта ҳастам, ки сертификат дорам.

— Чанд вақт аст, ки шумо ба ин кор машғул ҳастед?

— Аз соли 2021.

Ҷараёни аз байн бурдани барас душвор ва дароз аст?

— Душвор нест, пӯст дард ҳам намеёбад. Дар давоми ду моҳ аз он нишоне боқӣ намемонад.

Ба шумо одамон муроҷиат мекунанд?

— Бале, хеле зиёд муроҷиат мекунанд.

— Буданд ҳолатҳое, ки барас пурра сиҳат ёфта бошад?

— Зиёд. Чанд духтари аз барас халосшуда ҳатто маро ба тӯйи арӯсиашон даъват карданд. Дар либоси арӯсӣ миёни мардум баромада, маро ба оғӯш кашида, ашки шодӣ рехтани онҳо аз хотирам намеравад.

Чӣ водор кард, ки ба омӯзиш ва табобати барас машғул шудед?

— Як рӯз аз хастагӣ ё фикри бисёр буд, ки хобам бурд. Дар хоб садое ба гӯшам расид, ки мегуфт: бирав, ба ҳамин кор машғул шав, ки савоб мегирӣ. Ман ки одами тақводор ҳастам, ин суханро паём аз худо донистам. Ҳоло 4 сол аст, ки ба ин кор машғулам.

Нархи комуфляж гарон аст?

⁃ Нархи мавод барои комуфляж қиммат аст, онро аз хориҷа меорем. Бисёр ҳолатҳое шудаанд, ки одамон, хусусан духтарони ҷавон қудрати пардохтро надоранд. Ман аз ҳисоби худам онҳоро табобат мекунам. Албатта ба хешу табор ва наздиконам муроҷиат мекунам, ки ба ин кори хайр ҳамроҳ шаванд. Чанд рӯз пеш духтаре аз Кӯлоб наздам омад, дар гардан ва бари рӯяш барас дошт. Аммо пул надошт, ба гиряю зорӣ даромад. Аз ҳисоби худам табобатро оғоз кардам. Худо хоҳад, баъд аз як моҳ гул барин мешавад. Албатта дар чунин ҳолат одамон ва ташкилотҳои хайрхоҳро лозим аст, ки ба чунин касон ёрӣ расонанд, кори хайр мешавад.

Суҳбатнигор

Нодира Раҷабова

Шуморо гирифторони барас аз куҷо метавонанд пайдо кунанд?

⁃ Мо дар Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 36 А (Назди маркази савдои “Садбарг”), дар бинои Хизмати тоҷик маркази табобатӣ бо номи «NS Камуфляж Витилиго» дорем. Ҳар рӯз кор мекунем.

Телефон, вотсап, телеграм

— 908 23 01 10

 902 43 39 39

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *