Ҷоми раиси вилояти Суғд оид ба футбол

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд миёни дастаҳои беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқа оид ба футбол гузаронида мешавад.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи футболи вилояти Суғд ташкил гардида, дар он беш аз 100 нафар ҷавонон иштирок менамоянд.

Мусобиқа бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардондани варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дустӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои нав ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон доир мегардад.

Мусобиқаи мазкур 18 феврал оғоз гардида, санаи 21 феарал ҷамъбаст мегардад ва ғолибон бо медал, диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва Ҷоми Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида мешаванд.

Андар Раҳмонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *