Чаро корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият мемонанд?

Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст, вале давоми соли гузашта дар кишвар садҳо корхона аз кор монда ва ё дахлу харҷашон ба сифр баробар шудааст. Президенти кишвар теъдоди онҳоро 550 адад арзёбӣ кард. 

Шералӣ КАБИР,

вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Давоми соли 2023 дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав ба кор шуруъ кардаанд. Дар ин миён 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи корхонаҳои мавриди назар аз кор мондаанд. Бале, аз нигоҳи берунӣ чунин ба назар мерасад, аммо асли воқеият дигар аст. Инҳо аслан корхонаҳоеанд, ки нишондодҳои сифрӣ пешниҳод кардаанд. Ин чӣ маъно дорад? Онҳо қудрати истеҳсолӣ доранд, аммо ба далоили мухталиф кор накардаанд ва нишондоди сифрӣ дар ихтиёри омор гузоштаанд.

Агар корхона ду сол нишондоди сифрӣ пешниҳод кард, ба ҷумлаи корхонаҳои бозистода шомил мешавад ва ин ба он маъност, ки дар ҳоли фароҳам шудани шароит метавонад дигарбора ба фаъолият шуруъ кунад.

Ин ба он маъност, ки бозистодан ё муваққатан кор накардани корхонаҳо дар соҳаи саноат ё ҳар соҳаи дигар як тамоюли табиӣ ва дуруст аст ва ҳам ҷойи нигаронии хос надорад, зеро метавон вазъро ислоҳ кард.

Фозилҷон ФАТҲУЛЛОЕВ,

коршиноси масоили иқтисодӣ

Чанд омиле ҳаст, ки корхонаҳои саноатӣ дар кишвар аз фаъолият бозмемонанд. Якум, ин норасоии энергетикӣ аст. Дуюм, сиёсати фискалӣ, яъне фишори баланди андозбандӣ. Корхонаро маҷбур мекунанд, ки андози замин, андози даромад ва ғайраву ғайраро супорад. Айби корхонаҳо низ ҳаст. Бояд технологияи имрӯза не, пагоҳинаро ворид кунанд. Ин корро намекунанд ва наметавонанд рақобатпазир бошанд.

Дигар ин ки, аксари корхонаҳоро бо аҳдофи таблиғотиву оморӣ боз мекунанд. Барои мисол, ҳастанд корхонаҳои дӯзандагие, ки расман ифтитоҳ шудаанд, аммо вақте корҷӯён ба онҷо мераванд, мебинанд як бинои холӣ асту бас. Касе он ҷо кор намекунад. Танҳо дар телевизион нишон додаанд, ки чунин корхона кушода шуду биёед кор кунед. Чунин ҳолатҳо ҳам ба назар мерасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *