Алёна Кимро барои «Ҷосуси ба нафъи Тоҷикистон» 10,5 зиндонӣ карданд
Додгоҳи низомии Ӯзбекистон сокини 36-солаи шаҳри Ширини вилояти Сирдарё Алена Кимро дар ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон айбдор ва 10 солу 6 моҳ зиндонӣ кард. Ин ҳукм 12 июл содир шудааст, вале вакили дифоъ ва наздикони Ким онро танҳо 21 август расонаӣ карданд.
Ба гуфтаи наздикони маҳкумшуда, Ким ба ҷосусӣ, додани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба намояндаи кишвари хориҷӣ, анҷоми амалҳои душманона зидди давлати худ ва халалдор кардани амнияти кишвар айбдор эълом шудааст.
Виктория Султонмуродова, хоҳари калонии Ким мегӯяд, мақомоти Ӯзбекистон хоҳарашро барои он ба ҷосусӣ айбдор карданд, ки як муддат дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст. «Ӯро дар аввал 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд ва баъди он ки гуфтанд, полро бишӯй нашӯст, муҳлати ҳабсашро дароз карданд», — афзуд Султонмуродова.
Ба гуфтаи вакили дифои маҳкумшуда Надежда Пак, Ким, ки пештар як чанд сол дар бахшҳои Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон кор кардааст, ҳамроҳ бо дугонааш Зуля Ҳалимова ба Тоҷикистон рафта, аз соли 2004 то 2005 дар тарабхонаи «Очил»-и шаҳри Хуҷанд пешхидматӣ карда буд.
Рафтани Ким ба Тоҷикистон мақомоти Ӯзбекистонро нигарон кардааст. Ба гуфтаи Султонмуродова, кормандони ҳифзи ҳуқуқ соли гузашта ҳангоми боздошти дугонаи хоҳараш Ҳалимова дар миёни аксҳои боздоштшуда акси Алена Кимро дидаанд.
«Ҳангоми бозҷӯӣ Ҳалимова зидди хоҳари ман баёнот дод. Вале бо вуҷуди ин ӯро низ ба ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз айбдор ва 12 сол зиндонӣ карданд», — гуфт Султонмуродова.
Алена Ким модари ду фарзанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ