Дуздон бе ҷазо намемонанд

Дуздон шабона вориди манзили як сокини деҳаи Корези ноҳияи Данғара шуда, 2000 сомонӣ ва як гарданбанди тилоӣ бо арзиши 20 ҳазор сомониро рабудаанд. Бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса як сокини деҳаи Рахшонзамин дастгир шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 августи маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон:

Tасарруфи маблағ ва гарданбанд

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корези ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рўзи 5-уми июни соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2000 сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 22000-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рўи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии «Шираи камол”

21-уми августи соли 2017, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамотаи деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон: Ҳамидулло валади Гулмурод соли таваллудаш 1982, Ҳабибулло валади Азизулло соли таваллудаш 1986, Ғуломсахи валади Абдулҳаким соли таваллудаш 1986 ва Абдушукур валади Муҳаммадазим соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандагони деҳаи Хулми вилояти М.Шариф, ҳангоми ҷамъоварии ғайриқонунии «Шираи камол” дастгир карда шуданд.

Аз номбурдагон, мувофиқи маълумотномаи Раёсати хадамоти фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 12 килограмму 900 грамм маводи «Шираи камол” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рўи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Азонихуд намудани дастгоҳи пластикабарорӣ

Ба мақомоти милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2015, марди 28-солаи сокини кӯчаи Ховарони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дастгоҳи (сехи) пластикабарорӣ, ки арзишаш 40000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дуздӣ дар таваққуфгоҳ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки рўзи 20-уми августи соли 2017, тахминан соати 20:20-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили таваққуфгоҳи автомашинаҳои ҶСК «ФБ-Душанбе”, воқеъ дар ноҳияи Хуросон 1-адад ҷузвдонашро, ки дар дохилаш шиносномаи хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои автомашина ва 100000 рубли Федератсияи Россия дошт, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ва ноболиғон: ду писарбачаи 15-солаи сокини пойтахт ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

v

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *