Ҳам Дави миллӣ, ҳам Марафони велосипедронӣ
Ҳам Дави миллӣ, ҳам Марафони велосипедронӣ
Пагоҳии 20 май Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он 436624 нафар сокини кишвар, аз ҷумла 124651 нафар бону иштирок карданд.
Чорабинии Дави миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 баргузор мегардад. Дар бораи ҳар якшанбеи сеюми моҳи май таҷлил намудани ин рӯзи саломатӣ 28 марти соли 2007, таҳти №225 Фармони Президенти кишвар ба тасвиб расид. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Дави олимпӣ соли 2005 шахсан иштирок карда буданд.
Имсол дар баробари Дави миллӣ 2-юм Марафони велосипедронӣ низ баргузор гашт. Дар марафони велосипедронӣ, ки низ дар саросари ҷумҳурӣ доир гашт, 13445 ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, роҳбари дастгоҳи МИҲД дар шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин иштирокчиёнро таҳният гуфта, ба онҳо барор хостанд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Абдуллозода Аҳтам, муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума ва роҳбарони дигар мақомот иштирок намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ