“АМА Груп” ҷамъияти шаффоф аст
ҶДММ «АМА Груп» ба ҷонибдории рақобати бовиҷдонона, риояи қонунгузории кишвар баромад карда, намегузорад, ки ба номи неки худ зарар расонанд.
8 декабр таҳти унвони «Соҳибкорони тоҷикро маҷбур мекунанд, ки дастгоҳои нави хазинавӣ гузоранд» дар сомонаи расмии Медиа- группи “Азия плюс” мақола чоп шуд, ки ғавғои зиёдеро ба миён овард, лекин аз ҳама муҳимаш ба ҷомеа ва соҳибкорон хабари бардурӯғ паҳн карда, бо ин қонунӣ, бовиҷдонона ва шаффоф будани фаъолияти ҶДММ «АМА Груп»-ро зери шубҳа гузошт ва ба номи неки ширкат исён овард.
Мақолаи мазкур раддия, инчунин ҷавоб ба саволҳои зиёди хонандагони мақолаи мазкур мебошад, муҳимаш тамоми вазъияти тавсифшуда аз нуқтаи назари касбӣ баррасӣ карда мешавад.
Мақолаи чопшуда асосан аз ду қисм иборат мебошад ва мо ҳар як аз ин қисмҳоро дар алоҳидагӣ ва нисбатан мушаххасан дида мебароем.
Тамоми қоидаи иваз намудани МНХ (мошинаи назоратию хазинавӣ) ба модели ТИЭ (таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ) барои татбиқи сиёсати давлат ҷиҳати созмон додани модели шаффоф ва аз ҷиҳати технологӣ пеш бурдани тиҷорат нигаронида шудааст. Минбаъд, ҳангоми бомувофиқият фурӯхтани системаи мазкур ҷараёни пардохти андози соҳибкоронро ба таври назаррас осон мегардонад, имконият медиҳад, ки вақт, асаб ва хароҷоти зёдатӣ сарфа карда шавад, инчунин амалиёти мутоқобиларо бо намояндагони мақомоти андоз кам намояд ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои таъсис додани шароитҳои мусоид ва шаффоф барои рушди тиҷорати хурду миёна оварда мерасонад.
Аз саршавии худ мақола хонандагонро гумроҳ месозад. Дар он иттилоот чунин нигошта шудаст, ки гуё Кумитаи андоз қасдан ҳамаи соҳибкорони пойтахтро даъват намудааст, то ин ки хизматрасонии ширкати «АМА Груп»-ро реклама намояд ва гӯё дигар МХТ (марказҳои хизматрасонии техникӣ) даъват нашуда буданд. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони дигар Марказҳо, ки дар бозори фурӯши МНХ солҳои зиёд кор мекунанд, иштирок доштанд ва ҳеҷ кас ба онҳо халал намерасонд, ки дар бораи маҳсулот ва хизматрасонии худ сухан гӯянд. Дар ин бора мақола хомӯширо пеша намудааст.
Барои он ки муҳити МНХ ва МХТ, қоида ва талаботи онҳо амиқ фаҳмида шавад, зарур аст ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210, ки ҳуҷҷати асосии танзимкунанда буда, тартиб ва қоидаҳои истифодаи МНХ-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад, муроҷиат карда шавад.
Мутобиқи қарори тасдиқшуда ҳамаи МНХ, ки соҳибкорон истифода мебаранд, бояд албатта бо ҷузъҳои ТИЭ ( халқ онро «ЧИП» меномад) пурра карда шуда бошад. Дар мақола оид ба иҷрои ҳатмии ин санади меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки се сол боз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, чизе гуфта нашудааст.
Дар қисми дуюми нашрия такя ба фаъолияти «АМА Груп» карда шудааст, ки дар заминаи МХТ МНХ-ро бо дар он ҷойгир кардани ТИЭ мефурӯшад. Воқеан, ширкат дар бозори фурӯши МНХ бо ҷойгир кардани ТИЭ ҳамагӣ як сол кор мекунад, то ин вақт фаъолияти он бо МНХ алоқаманд набуд.
Ширкати «АМА Груп» ҳамин гуна қоидаи аниқро дастгирӣ мекунад, ки ҳар як соҳибкор бо кӣ ва чӣ гуна пеш бурдани тиҷорати худро мустақилона ҳал намояд. Илова ба ин ҳеҷ кас маҷбур наменамояд, ки соҳибкорон бо мо кор кунанд. Агар дигар МХТ-ҳо шароитҳои нисбатан фоиданоктар ва сифати молро, ки ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ мебошанд, пешниҳод намояд, марҳамат, ин интихоби шахсӣ мебошад, ки бо кӣ ва чӣ гуна кор кунанд. Аммо гап дар сари он аст, ки бозорро омӯхта мақола кушоду равшан Ширкати «АМА Груп»-ро барои суиистеъмол дар бозор гунаҳкор месозад. Ин, албатта, ба таври назаррас ҳуқуқҳои ширкати моро маҳдуд месозад. Зарур аст, ки итилооти объективона, ҳамаҷониба ва ғайрипардапӯшшуда пешниҳод карда шавад, ки баъдан хонандагон худ ақидаронӣ кунанд. Набояд барои фикррониҳои нолозим дар ин масъала асос дода шавад.
«Хизматрасонии техникӣ» чист?
Дар баробари мафҳуми «хизматрасонӣ аз рӯи кафолати заводи истеҳсолкунанда» дар намуди «Хизматрасонии техникии таҷҳизот» фаъолият вуҷуд дорад. Заводи истеҳсолкунанда барои маҳсулоти истеҳсолшуда дар давоми як сол кафолат медиҳад, лекин кафолати мазкур ҳангоми риояи қоида ва талабот барои истифода паҳн мегардад. Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо истифодабарандагони хазинаҳо (кассаҳо) ин қоидаҳоро хунукназарона сарфи назар мекунанд ва таҷҳизот аз кор мебарояд. Дар ин ҳолат мафҳуми «омили инсонӣ», ки ба он кафолати завод паҳн намешавад, амал мекунад.
Ҳар моҳ дар доираи хизматрасонии техникӣ аз ҷониби кормандони МХТ дидани як маротибагии нақшавии соҳибкорон – соҳибони МНХ иҷро карда мешавад ва дар ин ҳолат ташхис ва профилактикаи пурраи таҷҳизот гузаронида шуда, машварат дода мешавад, баъзан омӯзиши такрории соҳибкор гузаронида шуда, аз рӯи зарурат МНХ нав карда мешавад. Инчунин, ба арзиши хизматрасонии техникӣ пардохти хизмати оператори мобилӣ дохил мешавад, ки намояндаи канали интиқоли маълумот аз МНХ ба серверҳои Кумитаи андоз ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ба назар чунин мерасад, ки хизматрасонии техникиро гузаронида, МХТ ғамхорӣ менамояд ва коршоямии МНХ-ро кафолат медиҳад ва бо ин таҳдидҳоро барои ҷаримаҳо аз ҷониби мақомоти андоз ба соҳибкор барои иҷро накардани талабот оид ба истифодаи МНХ (ҳатман чек баровардан ҳангоми хизматрасонӣ ё фурӯши мол) бартараф месозад.
Илова ба ин, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210 ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки МНХ-ро бо хотираи фиксалӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд: барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ бо МХТ шартнома банданд, истифодаи МНХ танҳо баъди қабули он ба хизматрасонии техникӣ дар МХТ амалӣ гардонида мешавад. Бинобар ин, қоидаҳои амалкунанда ин нозунузи ширкат набуда, боз як бори дигар такрор мекунем – талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Андаке аз таърих
Кумитаи андоз тирамоҳи соли 2015 бо МХТ-и дар ҳамон вақт амалкунанда ва ширкатҳое, ки намояндагони технологияҳои иттилоотии хизматрасонӣ буданд, вохӯрӣ гузаронд. Мавзӯи асосии вохӯрӣ созишнома ва иттилоотонии иштироккунандагон вобаста ба самти тиҷорати талабшаванда оид ба дуруст ба роҳ мондани воридоти МНХ ба кишвар, ки ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ мебошанд, буд. Ҳар як ширкати ба ин манфиатдор метавонист бо татбиқи самти мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунанда озодона машғул бошад.
Муассисони Ширкати «АМА Груп» ҳамон вақт қарор доданд, ки бо самти мазкур машғул шаванд ва МХТ-ро кушоянд. Барои татбиқи бомуваффақияти мақсади гузошташуда мутахассисони пешбари соҳаи алоқа ва радиотехника ҷалб карда шуданд, барои таҳқиқот, коркард ва азхудшавии таҷҳизот дар бозори Тоҷикистон вақт ва маблағи зиёд сарф карда шуданд. Ҳамин тавр, МХТ «АМА Груп» — компания ташаккул ёфт, ки бо муносибати касбӣ ва менеҷменти дуруст имрӯз дар ин соҳа намуна мебошад, муваффақиятнокӣ ва самарабахшии он «рашки» рақибонро меоварад, инчунин баҳсҳои «гарм»-ро дар бар гирифт, ки бисёриҳо аллакай аз «беқувватӣ» қарор доданд, ки ширкатро дар назди чашмони мизоҷон ва сокинони ҷумҳурии мо сиёҳ намоянд.
Шарҳ ба мақолаи «Азия плюс» ва ҷавоб ба ҳамаи масъалаҳои мубрам оид ба мавзӯи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Ширкати «АМА Груп» дар пресс-конференсияи расмӣ барои ВАО, ки ширкат дар муддати кӯтоҳтарин мегузаронад, пешниҳод мегарданд. Натиҷаҳои пресс конференсия дар ВАО ҷойгир карда мешавад.
Навигариҳоро назорат намоед.
ҶДММ «АМА Груп»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ