Ҳамагӣ як моҳ!Супориши Президент ба роҳбарони Бадахшон

Ман ба сохторҳои вилоят муроҷиат мекунам: Айб нест, ки мо равон кунем аз Душанбе, ки вазири корҳои дохилӣ, рав, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, рав, ҳаракати нақлиётро дар шаҳри Хоруғ ба танзим дарор?

О, шумо чӣ кор мекунед дар инҷо?Сардори БДА ҳаст? Шумо чӣ кор мекунед? Мо барои чӣ таъйин кардем? Дар вақти таъйин кардан насиҳатҳои маро фаромӯш кардед? Ман, чӣ, ба шумо ягон супориши дигар додам? Гап занед, ман ягон супориши ғайриқонунӣ додам?

Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин карда наметавонед? Агар наметавонед, пас дар курсӣ нишастан даркор нест!

Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред, сиёсати раҳбари давлату ҳукуматро амалӣ намекунед, вазифаи давлатиро холӣ кунед!

Шумо сиёсати роҳбари давлатро амалӣ намекунед.

Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ! Омӯзед! Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро саришта карда наметавонед?

Дар Амрико вақте пулис манъ кунаду ронанда аз мошин фарояд, дар ҷояш мепарронанд. Дар мо бошад, корманди БДА-ро пахш карда мегузарад, касе кор надорад.

Агар ҷинояте содир шаваду беҷазо монад, ягонтоат кор намекунед!

Яксаду чанд мошинро манъ кардаанд, ҳуҷҷат ҳатто надорад. Ронанда ҳуҷҷати ронандагӣ надорад, мошин умуман ҳуҷҷат надорад, дар ҳолати мастӣ…

Раиси суди вилоят! Бетарафӣ накунед! Дар асоси қонун, аз рӯи адолат ҷазо диданашон даркор. Ҷаримаҳоро сари вақт супоранд. Мо ҷаримаҳоро барои чӣ баланд кардем? Барои онки тартибу низом барқарор шавад.

Агар дар шаҳри Хоруғ 1000 нафар соҳиби нақлиёт бошад,27 ҳазор сокини дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд-мӣ? Ҳуқуқи онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?

Ман ягон талаби зиёдатӣ надорам. Намегузорам, ки ягон корманди давлатӣ қонуншиканӣ кунад. Шумо ё дурӯягӣ мекунед ё вобаста шудаед аз гуруҳҳои ҷиноятӣ. Пули наркотик бисёр… Мо дорем маълумот, чораҷӯӣ мекунем.

 

Аз роҳбари давлат то шаҳрванди оддӣ бояд дар назди қонун баробар ҷавоб гӯянд. Инро таъмин кардан даркор!

Дар як шаҳри Хоруғ 2000 хизматчии давлатӣ, вале 5-6 ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд.

Ана фармон додам, ман ба ӯҳда мегирам. Лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед! Бас будагист! Ҳамин қадар сол онҳоро фақат насиҳат кардем, ки накунед, бародарон, ҷиноят накунед, қонуншиканӣ накунед! Дар кадом давлати дунё ҷинояткоронеро, ки ба наркотик машғуланд, ҳамин хел озодӣ додаанд? Дар куҷо, гап занед-ку?

Чӣ қадар одам мурд, рафт. Боз пинҳон мекунед. Мепарронанд дар хонаашон, мекушанд дар кӯча, боз падару модараш мегӯянд, не, ин ҷиноят набуд, бачаи маро тақдиру насибаш ҳамин будааст…

50 фоизи муваффақияти кори роҳбар аз дасту дилу нияти покаш вобаста аст. Худаш бояд поквиҷдон бошад роҳбар. Ягон чиро аз мардум пинҳон набояд кунем. Баъзан хатогиҳо мекунем худамон дар заминфурӯшӣ, дар корҳои дигар. Ҷинояткор ҳам мебинад инро. Ва дигар тамом, занҷирро дар гарданат кашол мекунад.

Вазифаи мо, роҳбари давлат, ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст, дар ҳаққи ҷинояткор- не! Ду-се нафар ҳуқуқи гап задан аз номи мардуми Бадахшонро надоранд.

Ин камбудиҳоро ислоҳ кунед! Раиси Кумитаи амнияти миллӣ, вазири корҳои дохилӣ ва раиси вилоят! Як моҳ мӯҳлат! Намекунед агар, дар масъалаи кадр проблема нест. Имрӯз ҳар як ҷавонмард ҳаст ки…

Ин ҷинояткорон дар ҳаққи 220 ҳазор сокини вилояти Бадахшон зомин мешаванд, чунки сармоя намеояд, сайёҳон намеоянд, вақте мефаҳманд ки ноором аст. Вақте бетартибиву бенизомист, тартиботи ҷамъиятӣ риоя намешавад, хоҳед – нахоҳед намеояд ягон кас ва мардум аз ризқу рӯзие, ки аз ин ҳисоб аст, мемонад.

Дар ҳамин 27 сол ба давлат чӣ додед? Чор сарбозро барои қувваҳои мусаллаҳ таъмин карда наметавонед. Мана гап занед, чӣ додед ба давлат? Ман гӯшт гуфтам, шир гуфтам, мева гуфтам? Ягон чизи дигар талаб кардам? Баракс! Баракс! Мо мефаҳмем шароити кӯҳистону мардумашро.

Солҳои 90-ро ба ёд биоред. Яроқ дар дасти ҷинояткор зад, намепурсад, ки нархат чанд? Дина аз як нафар 92 мушаки зиддитанкӣ гирифтанд? Барои чӣ? Зидди кӣ?

Дар Хоруғ 400-500 ҳазор аҳолӣ нест, 28 ҳазор аст ҳамагӣ. Проблемаҳо асосан дар шаҳри Хоруғ аст. Асосан.

Ҳа, раиси вилоят! Ӯҳда карда метавонӣ охир? Дар мӯҳлати як моҳ ӯҳда карда метавонӣ?мана, органҳои маъмурӣ, қудратӣ ва низомӣ дар ихтиёратон! Дар чорчӯби қонун, лекин бетарафӣ карда, ҳам он тараф бо ҷинояткорон вай кардану ин тараф ба роҳбари давлат дурӯғ гуфтан – инро на Худо мебахшаду на банда.

Ба мардум такя кун, бо халқ кор кун! Як моҳ мӯҳлат, на зиёда! Тамоми чизе ки қонун талаб мекунад, талаби қонунгузориро таъмин кунед! Раисони шаҳру ноҳияҳо, шумо ҳам аз ҷумла!

Вазифаи мову шумо хидмат ба халқ аст. Шукрона кунед! Бологузар, соҳиби утоқҳои корӣ, боз утоқи истироҳат, мошин дар таги по, тамоми ҷое ки меравед – бологузар, бо мардум соз салом намекунед. Баракс! Баракс! Баракс, ба халқ такя кардан даркор! Натарсед аз халқ! Ман барои ҳамин таъйин кардам шуморо. Агар натавонед, боз шахсони дигар ҳаст.

Кумак карда истодаем ба шумо, о ақалан тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунед, эй беинсофҳо!

Шукрона кунед! Ҳоло ки дар сари мансаб ҳастед, шукрона кунед! Баъзеатро, агар пагоҳ фармон барояд, мебахшед, вале оилаатон қатиатон салом намекунад.Шукрона кунед! Ҳоло – раис, прокурор, сардори РВКД, раиси суди вилоят. Бовар кунед, ҳамин хел аст табиати инсонӣ, як ҳафта дар хонаат хоб рав, кӯдаконат аз танаат мегурезанд. Набар як рӯз як чӣ, дарвозаро тақ-тақ накунанд дигар.

Мо бо нону намаки мардум калон шудаем. 5 рӯзе ки ман дар инҷоам, ин 5 рӯз нону намаки мардумро хӯрда гаштаам. Ва нону намаки мардумро хӯрда, ин нону намакро пос доштан даркор! Пос доштан даркор аст!

Ман супориш додам, дуюм бор такрор намекунам. Шумо бинед, чораҷӯӣ кунед!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *