Президент мушкилоти Бадахшонро гуфт…

Бо вуҷуди пешравиҳое, ки имрӯз дар ҳаёти сокинони вилоят ба даст омадаанд, баъзе камбудиҳое низ вуҷуд доранд, ки мо бояд онҳоро пинҳон накунем, балки ошкоро гӯем ва барои ислоҳу аз байн бурдани онҳо ҳама якҷо кӯшиш кунем.

Зеро чунин камбудиҳо боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.

Масалан, бо вуҷуди коҳиш ёфтани содиршавии баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин, сатҳи умумии содиршавии ҷиноятҳо дар вилоят тамоюли болоравӣ дорад.

Аз ҷумла содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, қаллобӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин афзудааст.

Вале мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба баъзе ҷиноятҳое ҷалб намоям, ки бо ҳамдигар алоқаи бевосита дошта, ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Яке аз ин ҷиноятҳо убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мувофиқи маълумот дар солҳои охир 136 ҳолати содиршавии чунин ҷиноят аз тарафи сокинони вилоят ва шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Албатта, мақсади убури ғайриқонунӣ шиносоӣ бо ҳаёти кишварҳои ҳамсоя нест.

Натиҷаи ин сафарҳо ба омори дигар намуди ҷиноятҳо таъсири худро мерасонад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон дар кишвар мавқеи аввалро ишғол мекунад.

Дар панҷ соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар аз аҳолии вилоят қариб якуним ҳазор мил силоҳи оташфишони ғайриқонуниро мусодира кардаанд.

Нисбат ба 235 нафар оид ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 285 мил силоҳи оташфишон мусодира гардида, инчунин, 59 нафар сокинони вилоят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудаанд.

Шумораи аслиҳаи мусодирашуда дар бист соли охир аз панҷ ҳазор мил гузаштааст.

Танҳо дар панҷ соли охир бо истифодаи силоҳ қариб 100 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки аксари онро одамкушӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ташкил медиҳад.

Ҷинояти дигари бо убури ғайриқонунии сарҳад алоқаманд қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Дар панҷ соли охир дар қаламрави вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда сол ба сол зиёд шуда истодааст.

Агар соли 2013-ум 6,9 фоиз маводи нашъаовари дар кишвар мусодирашуда ба вилоят рост омада бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 12,8 фоиз ва дар шаш моҳи соли 2018 ба 14 фоиз расидааст.

Дар ин давра оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 325 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Берун аз ҳудуди Тоҷикистон 40 нафар сокинони вилоят барои содир намудани ҷиноятҳои бо маводи мухаддир алоқаманд дастгир ва маҳкум гардида, дар маҳбасҳои дигар давлатҳо адои ҷазо менамоянд.

Ҳоло дар вилоят 714 нафар шахсони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки ба 100 ҳазор аҳолӣ 302 нашъаманд рост меояд.

Ин рақам нисбат ба ҳисоби миёнаи мамлакат қариб чор баробар зиёд мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ шумораи нашъамандон аз ҳисоби миёнаи кишвар 14 баробар, ноҳияи Шуғнон 6 баробар ва ноҳияи Рӯшон 5 баробар зиёд аст.

Шумораи нашъамандоне, ки ба қайд гирифта нашудаанд, аз рақами зикргардида ду баробар зиёд мебошад.

Танҳо дар даҳ соли охир 196 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ фавтидаанд, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд.

Шумораи шахсони бар асари ин беморӣ вафоткарда фақат дар шаҳри Хоруғ 149 нафарро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки пешгирӣ кардани ин вабои аср, яъне нашъамандӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷиноят ва тарбияи насли солиму солеҳ вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки ҳар яки мову шумо, падару модарон, кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолону шахсони обрӯманд ва ходимони дин низ вазифадоранд, ки қарзи худро дар назди ҷомеа ва наслҳои фардои миллат бо масъулият иҷро намоянд.

Вобаста ба ин, мехоҳам диққати шуморо бори дигар ба оқибатҳои тиббӣ ва иҷтимоии ин вабои аср ҷалб намоям.

Қариб чоряки нашъамандон гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, навъҳои гуногуни гепатит ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.

Бахусус, вазъи паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, ки табобатнашаванда дониста мешавад, бисёр хатарнок аст.

Аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб нисфи онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумӣ 268 нафари онҳо бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Шумораи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар вилоят ба сад ҳазор нафар 283 нафарро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар қариб дуюним баробар зиёд мебошад.

Ин нишондиҳанда дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби миёна 9 баробар ва дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон беш аз дуюним баробар зиёд мебошад.

Мо танҳо дар бораи онҳое сухан меронем, ки аз ташхиси тиббӣ гузашта, дар муассисаҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Чанд нафар нашъамандону беморон ба қайд гирифта нашудаанд, ҳоло маълум нест.

Умуман, то имрӯз бар асари бемориҳои нашъамандӣ, норасоии масъунияти одам ва майзадагӣ 514 нафар сокинони вилоят вафот кардаанд.

Бо овардани ин рақамҳо ман диққати аҳли ҷомеа, бахусус, фаъолон, падару модарон ва наврасону ҷавононро ба он ҷалб кардан мехоҳам, ки ба ин масъала бетараф набошанд.

Мо бояд тамоми воситаҳоро истифода кунем, ки пеши роҳи ин раванди номатлуб, нанговар ва сабаби бадбахтии оилаҳои мардуми кишварамонро гирем.

Чунки ҳар як ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандиву бемории вируси норасоии масунияти одам на танҳо ба солимии наслҳои имрӯза, балки барои наслҳои оянда, яъне ба генофонди миллат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Тасаввур кунед, ки аз шахсони гирифтори чунин бемориҳо чӣ гуна фарзанд ба дунё меояд. Ҳамаи ин ба амнияти давлат ва ҷомеа зарба мезанад.

Пас, зарур аст, ки аҳли ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои пешгирии ин зуҳурот қотеъона ва дастҷамъона мубориза баранд.

Таърихи башар бисёр мисолҳоеро дар ёд дорад, ки доираҳои манфиатдор барои зарба задан ба ин ё он миллат ва садди роҳи тараққиёти ин ё он давлат шудан аз маводи мухаддир васеъ истифода кардаанд.

То ҳолати аввали июни соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 49 нафар сокинони вилоят, ки ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро содир намудаанд, ошкор карда шуда, онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Махсус хотирнишон месозам, ки 48 нафари онҳо сокинони деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд.

Ҳамчунин, аз 107 нафар сокинони вилоят, ки дар муассисаҳои ба ном таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 80 нафарашон ба Ватан баргардонида шуда, 27 нафари онҳо то ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Ҳамаи онҳо низ сокинони ноҳияи Ванҷ мебошанд.

Маълум мегардад, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва аҳли ҷомеа доир ба таъмин намудани волоияти қонун кофӣ нест ва барои бартараф намудани чунин амалҳои нангин, ки боиси дар арсаи байналмилалӣ коста шудани эътибори давлату миллат мегарданд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хусусан, миёни наврасону ҷавонон вусъат дода шаванд.

Амали бисёр нангини террористӣ, яъне ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳоти Себистони ноҳияи Данғара содир шуд ва дар натиҷаи ин кирдори ноҷавонмардонаи хоинони миллат — аъзои собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат чор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шуд, барои ҳамаи мо боиси хиҷолати сахт ва дар айни замон ҳушдори ҷиддӣ гардид.

Дигар масъалаи ташвишовар ин аст, ки аз тарафи баъзе сокинони вилоят аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миқдори зиёди силоҳи оташфишон харидорӣ карда мешавад.

Ҳатто ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзан худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои харидории силоҳ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мусоидат кардаанд.

Таъкид месозам, ки чунин шахсон худ ҷинояткоранд ва набояд дар мақомот кор кунанд.

Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба якчанд масъалае, ки ҳалли онҳо, дар навбати аввал аз роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва падару модарон вобаста мебошад, ҷалб намоям.

Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳаммият диҳем.

Факту рақамҳо ва шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда дар вилоят собит менамоянд, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят, бахусус, дар шаҳри Хоруғ раванди манфӣ касб намудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *