Амали террористӣ дар Сербия: 8 кушта ва 13 захмӣ

Як ҷавони 21-солаи сербӣ дар як амали террористӣ 8 нафарро ҳадафи тир қарор дода, 13 нафари дигарро захмӣ кардааст.

Бино ба гузориши ИРНА ба нақл аз агентии иттилоотии амрикоии Associated Press, ин ҳодиса шаби панҷшанбе дар наздикии шаҳри Младеноватс, 50-километрии Белград, пойтахти Сербия рух додааст.

Гумонбаршуда як ҷавони 21-сола буда, баъди тирпарронӣ фирор кардааст ва полис ба ҷустуҷӯи ӯ шуруъ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе як навраси 13-сола дар Белград бо истифода аз силоҳи падараш дар як мактаб оташ кушода, ҳашт хонанда ва як корманди мактабро кушт.

Полис гуфт, ки ин шахс як моҳ боз нақшаи ҳамларо доштааст. Вай инчунин харитаи бинои мактабро дар даст дошт ва рӯйхати одамонеро тартиб дода буд, ки бояд онҳоро мекушт.

Ҳукумати Сербия дар пайи ин ҳодиса мотами серӯза эълон кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *