Ҳодисаи нохушу пурқурбонӣ дар Хатлон

Дар роҳи мошингарди ноҳияи Вахш ва Кӯшониён ҳодисаи нохушӣ нақлиётӣ рух додааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ якбора се нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки 4-уми майи соли 2023 тахминан соатҳои 02:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Рустам Нуралиев, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Кӯшониён, дар вақти расидан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд. Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи Шокир Сафаров, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Вахш бармехӯрад. Дар ин ҳодисаи нохуш ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Рустам Нуралиев ва ду мософираш Саидхон Нуралиев, соли таваллудаш 1990, Субҳон Азизов, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Вахш ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигар Нуралӣ Абдуллоев, соли таваллудаш 1996 ва Фирӯз Собиров, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Вахш ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

Ҳамчунин Шокир Сафаров, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” ва ду мусофири ӯ Зарина Қурбоназарова, соли таваллудаш 1985, Саидмуҳаммад Шарифзода, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Вахш низ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешаванд.

Зубайдулло Толибов, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён дар як суҳбати кӯтоҳ ба  Pressa.tj гуфт: “Онҳое, ки аз садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардоштаанд, дар беморхонаи мо бистарӣ мебошанд”. Ӯ афзуд, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати миёнаи вазнин қарор доранд.

“Бо талоши табибони беморхона хунравии онҳо манъ шудааст. Онҳо озодона суҳбат мекунанд. Ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд. Ояндаи наздик пурра шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат карда мешаванд”,- гуфт ҳамсуҳбатамон.

Саҳифаи фейсбукии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *