Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи СҲШ дар Ҳиндустон чӣ гуфт?

4-5-уми май дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. Дар ин бора  маркази матбуоти ВКХ хабар медиҳад.

Иттилоъ дода мешавад, ки тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масоили мубрами минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба омодагии нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 4-5-уми июли соли ҷорӣ дар Деҳлии Нав баргузор мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Тибқи хабар вазири корҳои хориҷӣ барои густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ даъват карда, ба зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид оид ба татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таъкид намуд.

Ҳамчунин, С. Муҳриддин пешниҳод кард, ки як ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи СҲШ — Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе таъсис дода шавад ва ташаббуси барпо намудани «камари бехатарӣ» атрофи Афғонистонро муҳим арзёбӣ намуд.

“Вазири корҳои хориҷӣ изҳори умедворӣ кард, ки узвияти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СҲШ имконоти навро барои афзоиши зарфияти ин Созмон боз мекунад”,- омодааст дар хабар.

Илова бар ин, зимни ҷаласа бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони олимпии Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров бо унвони фахрии “Сафири иродаи нек”-и СҲШ сарфароз гардонида шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа 14 қарор қабул шуда, тафоҳумномаҳо дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Ҷумҳурии Малдив, Иттиҳоди Мянма, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Кувайт ба имзо расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *