Амалиёти “Бачаҳо” оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон ба муносибати оғози соли нави таҳсил Бозрасии Давлатии Автомобилӣ амалиёти “Бачаҳо”-ро оғоз менамояд,ки он аз 31 август то 10 сентябр идома хоҳад ёфт.
Ҳамасола аз баргузор намудани ин маърака маҷсад он аст.ки садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати бачаҳо ва наврасон камтар рух диҳанд.Ба ин муносибат БДА аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамояд,ки дар баргузории ин маърака бо кормандони ин сохтор кумак расонанд.Зеро дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш вобаста ба садамаҳои нақлиётӣ дар ним соли аввал 171 нафар ҳалок гардида. зиёда аз 500 нафар захмӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ