Даргузашти Бурҳон  Неъматов

Овозхони тоҷик Бурҳон Неъматов – бародари ҳунарманди маъруф Баҳодур Неъматов – рӯзи 27 август дар шаҳри Маскав ба иллати сактаи қалб дар синни 58 аз олам чашм пӯшид.

Бурҳон Неъматов бо таронаи «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт”, ки ҳамроҳ бо Баҳодур Неъматов ва Музаффар Неъматов иҷро кардааст, маъруф буд. Ҷасади Бурҳон Неъматовро рӯзи 28 август аз Маскав меоранд ва намози ҷанозааш субҳи 29 август дар масҷиди ҷомеи Қарамиршикори шаҳри Душанбе доир мешавад.Бурҳон Неъматов, ки дар радиои Тоҷикистон кор мекард, дар ибтидои солҳои 90 ба нашри нахустин таронаҳояш оғоз кард. Бурҳон Неъматов бо гитор суруд мехонд, вале баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар чанд муддат аз саҳна дур шуд.

Бурҳон Неъматов бо таронаи «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт” бар пояи шеъри безаволи Падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маъруф буд. Ӯ ин тарона ҳамроҳи бародараш Баҳодур Неъматов ва Музаффар Неъматов иҷро кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *