“Амид” дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард

Субҳи имрӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар ошёнаи якуми яке аз биноҳои баландошёна бо тарҳи муосир бунёд шуда, дохили он бо ороиши миллӣ зеб дода шудааст.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот дар маҷмуъ беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аксарияташонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

— Дар маҷмуъ дар маркази савдо ва хизматрасонӣ аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, обҳои гуногун ва меваю сабзавот, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад. Ҳамзамон баҳри нигоҳдории молу маҳсулот иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои гуногун дар марказ бунёд карда шудааст, ки имкон медиҳад маҳсулоти зарурӣ захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод шавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *