Аёдати зарардидагони садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб

Масъулин ҷароҳатбардоштагон ва оилаҳои нафаронеро, ки дар садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расиданд, аёдат карданд.

Роҳбарияти вилояти Хатлон ва масъулини чанде аз вазоратҳои мамлакат ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расониданд. Ҳамчунин, аз аҳволи ҷароҳатбардоштагоне, ки дар беморхона бистарӣ шудаанд, дидан карданд.

Ба хотири табобати ҷароҳатдидагони садамаи мудҳиш ва барқарор намудани хонаҳои истиқоматии зарардида чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 6-уми август, тахминан соати 19:30-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётии пурқурбонӣ рух дод. Мутаассифона, дар ин садамаи нақлиётӣ 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.  Мошини боркаши тамғаи Дулани дорои ядак (прицеп), рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *