Мадина — ҷароҳатбардоштаи дигари садамаи Кӯлоб ҳам вафот кард

Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки Мадинаи Ҷумахон, 15-сола, яке аз ҷароҳатбардоштагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ низ вафот кард.

Гуфта мешавад, ки Мадинаи Ҷумахон дар Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб бистарӣ буд ва духтурон ҳолати ӯро чунин муайян карда буданд: захми дарида, канда шудани с/б рони чап бо осеби мӯшакҳо, устухонҳои кос ва вариди рон. Гемотомаи калони паси сифоқпардагӣ. Хунравии беруна. Садамаи геморагии дараҷаи вазнин.

Ёдовар мешавем, ки 6-уми августи соли 2023, соати 19:30 дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», дорои ядак притсеп, рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *