Тафсилоти садамаи Кӯлоб: арӯсу домод осеб надидаанд

Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши шоми 6-уми август ва то куҷо воқеият доштани ба ҳалокат расидани арӯсу домодро шарҳ дод.

Ӯ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки вақти бархӯрди “Дулан” ба чанд мошину хонаҳои истиқоматӣ, дар ҷойи ҳодиса 8 нафар ва дар беморхона 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ӯ гуфт, ки шоми ҳамон рӯз бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вазири нақлиёт Азим Иброҳим, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони масъул ба Кӯлоб омадаанд. Пас аз рафъи ҳодиса, масъулини дахлдор аз шаҳри Душанбе ва Кӯлоб ба хонаи фавтидагон рафта, ҳамдардӣ баён намуда, осебдидагонро аёдат кардаанд.

Дар посух ба саволи “оё рост аст, ки дар ин садамаи мудҳиш арӯсу домод ва чанд ҳамроҳи ӯ низ ба ҳалокат расидаанд?” Орзу Ҳамидиён чунин гуфт: “Вақте ки мошини “Дулан” ба хонаи арӯс бармехӯрад, аллакай арӯсу домодро ба хонаи бахт гусел карда будаанд. Хушбахтона, дар ин садама арӯсу домод осебе надидаанд”.
Ба гуфтаи Орзу Ҳамидиён, ҳоло аз ҷониби мақомоти дахлдор роҳҳои мавзеи садама тоза карда шуда, рафтуомади мошинҳо таъмин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *