Баҳси марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон кай ҳал мешавад?

Айни замон ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад. Ҷонибҳо то ин дам шарҳу тавзеҳи лоиҳавии боз 101,86 километр қитъаҳои баҳсноки сарҳадро ба имзо расонидаанд.

Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи ним сол 5 вохӯрии комиссияи топографӣ гузаронида шуда, “гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ҷараён доранд”.

Хоҷазода изҳори итминон кард, ки ин мушкил ба наздикӣ роҳи ҳалли худро меёбад.

Аввали соли 2022 Ориф Хоҷазода хабар дода буд, ки аз 1-уми майи соли 2022 мувофиқи санад (протокол)-и №39, Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километри сарҳадро мушаххас карданд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хати сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда — зиёда аз 400 километри хати сарҳад баҳснок шуморида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *