Ҳамида Мирзод – Афғонистон

Иҷоза ҳаст?

Аз чашми ту ниёз харидан, иҷоза ҳаст?

Фарёди ман ба моҳ расидан, иҷоза ҳаст?

Азбаски тарс ларза бар андоми дил задаст,

Аз ёд бурдаем паридан, иҷоза ҳаст?

Дирўз гарми бўсаю лабханду ошиқӣ,

Имрўз кўча-кўча рамидан, иҷоза ҳаст?

Як бўса бар лаболаби теғу шукўҳи марг,

Тори сиёҳу сурх буридан, иҷоза ҳаст?

Хубам, иҷоза ҳаст ҳамандешаат шавам?

Як дард аз табори ту чидан, иҷоза ҳаст?

Зан гаштаам, ки мард шавам дар занонагӣ,

Як бор бе иҷоза такидан, иҷоза ҳаст?

Лутфе бикун, муҷаввизи марги маро бидеҳ,

Дорам бизан, ки шаҳд чашидан, иҷоза ҳаст?

***

Оташ

Бизан ҷараққа, барқасди хаёл дар оташ,

Шавад мушоҳида Қақнўсу бол дар оташ.

Бизан ҷараққа худоям, ба зеҳни хушку тарам,

Ки нест мешавад ин ибтизол дар оташ.

Куҷост марги қашангам, раҳоиям дар бод,

Шукўҳи хотимаи қилу қол дар оташ.

Зане, ки сонияҳо ғарқ ғарқи бехудӣ аст,

Сафедбахт шавад, пиру зол дар оташ.

Шабона ёди ту монанди пайти бензин аст,

В-агар гирифта диле безавол дар оташ.

***

Ба хотири ту

Барои бол задан сўи ошёнаи меҳр,

Гунаҳкор шудам осмон, ба хотири ту.

Гаҳе баҳор шудам, зор-зор боридам,

Шудам ба вусъати як каҳкашон, ба хотири ту.

Даруни кишвари дил, боз инқилоб шудааст,

Яке шиори «аналҳақ» ба қаря мехонад.

Ҳавас ғамин шудаву ишқ офарин дорад,

Талотум аст замину замон, ба хотири ту.

Ту инҳинои танеро, ки бокира аст,

Ҳанўз, ба шукўҳ оварӣ ҳар шаб ба ламси дастонат.

Ман имтидоди яке дарди кўҳнаву ҷовид,

Ки тозиёна хўрам бе амон, ба хотири ту.

Садои духтари шарқӣ агар, ки ман бошам,

Ту содда фикр накун, сахту мардумозорам.

Гуле шукуфта шуд, оре, канори занҷире,

Ки бастааст ҳақиқат ба ҷон, ба хотири ту.

Садои рўспиён мардгуна меояд,

Ҳазизи зиллату марг аст, ошёнаи ишқ.

Туро варақ ба варақ хонда бе садо як зан,

Зане, ки шиква кунад бе забон, ба хотири ту.

حمیده میرزاد — افغانستان

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *