5 сафири нав дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлат  сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Давлати Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Мали Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Кот-д,Ивуар Бернар Тано-Бучуе эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик кард.

Изҳори умед карда шуд, ки сафирони нави ин давлатҳо ба хотири рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳо бо фаъолияти сермасъули дипломатӣ ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *