Амири Қатар ба Тоҷикистон меояд
Дар назар аст, ки амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ имрӯз бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон биёяд.
Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин, амир дар маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, ки қисман аз ҳисоби Қатар сохта шудааст, ширкат хоҳад кард. Арзиши ин лоиҳа 100 миллион долларро ташкил дода, 70%-и онро Қатар ва 30 %-ашро Тоҷикистон маблағгузорӣ кардаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки амир барои нахустин бор аз Ӯзбекистон дидан карда, дар онҷо бо Мирзиёев 15 санад имзо кард. Рӯзи 7-уми июн амир ба Қирғизистон сафар карда, дар он ҷо миёни кишварҳо 13 санад ба имзо расид. Шоми 7-уми июн ӯ барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ ба Остона парвоз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ